https://sputnik.tj/20261019/sahmi-viloyati-sugd-hajmi-umumi-sodirot-afzud-1081340920.html
Саҳми вилояти суғд дар ҳаҷми умумии содироти кишвар ба маротиб афзуд
Саҳми вилояти суғд дар ҳаҷми умумии содироти кишвар ба маротиб афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки саҳми вилояти суғд дар ҳаҷми умумии содироти кишвар ба 63,6% расид
2026-10-19T18:11+0500
2026-10-19T18:11+0500
2026-10-19T18:11+0500
дар тоҷикистон
саноат
воридот
содирот
иқтисод
тавлидот
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0e/1075281322_0:133:1332:882_1920x0_80_0_0_36dfc634e7e2c8ec8bb61785a0127fdb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 4,1 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз ё 890,2 миллион доллар зиёд мебошад.Дар ин бора Раёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилоят дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ 38,7 фоизро ташкил медиҳад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз вилояти Суғд ба 1,4 миллиард доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% афзоиш ёфтааст.Ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии содироти мол дар ҷумҳурӣ ба 63,6% расида, таносуби содирот дар сохтори гардиши савдои хориҷии вилоят 34,1%-ро ташкил додааст.Афзоиши содирот асосан аз ҳисоби зиёд гардидани содироти калобаи пахтагин 3,9 баробар, нахи пахта 29,4%, сурма 5,3% ва маҳсулоти маъданӣ 17,7% таъмин шудааст.Инчунин, дар баробари рушди содироти як қатор маҳсулоти саноатӣ, коҳиши содироти баъзе маҳсулоти кишоварзӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, содироти меваи хушк 20,5%, меваи тару тоза 37,1% ва пиёз 18,6% кам гардидааст.Дар ин давра воридоти мол ба вилояти Суғд 2,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба нӯҳ моҳи соли гузашта 32,7% афзоиш ёфтааст.Ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии воридоти мол ба ҷумҳурӣ 31,8% буда, таносуби воридот дар сохтори гардиши савдои хориҷии минтақа ба 65,9% баробар шудааст.Тибқи омори расмӣ, афзоиши воридот аз ҳисоби зиёд гардидани воридоти биринҷ 7,4%, орд 39,8%, гандум 3,4 баробар, парандаи хонагӣ 3,1 баробар, тухми паранда 1,8 баробар ва нуриҳо 33,7% ба амал омадааст.Дар баробари ин, воридоти моҳӣ 2,7%, кунҷора 2,5% ва равғани растанӣ 0,9% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20261017/istehsol-mahsulot-sanoati-sughd-afzoish-1081291678.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0e/1075281322_91:0:1275:888_1920x0_80_0_0_26eacff0a788b36c7f65fa46dc2e0e41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, воридот, содирот, иқтисод, тавлидот, суғд
дар тоҷикистон, саноат, воридот, содирот, иқтисод, тавлидот, суғд
Саҳми вилояти суғд дар ҳаҷми умумии содироти кишвар ба маротиб афзуд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки саҳми вилояти суғд дар ҳаҷми умумии содироти кишвар ба 63,6% расид
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 4,1 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз ё 890,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ин бора Раёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилоят дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ 38,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз вилояти Суғд ба 1,4 миллиард доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии содироти мол дар ҷумҳурӣ ба 63,6% расида, таносуби содирот дар сохтори гардиши савдои хориҷии вилоят 34,1%-ро ташкил додааст.
Афзоиши содирот асосан аз ҳисоби зиёд гардидани содироти калобаи пахтагин 3,9 баробар, нахи пахта 29,4%, сурма 5,3% ва маҳсулоти маъданӣ 17,7% таъмин шудааст.
Инчунин, дар баробари рушди содироти як қатор маҳсулоти саноатӣ, коҳиши содироти баъзе маҳсулоти кишоварзӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, содироти меваи хушк 20,5%, меваи тару тоза 37,1% ва пиёз 18,6% кам гардидааст.
Дар ин давра воридоти мол ба вилояти Суғд 2,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба нӯҳ моҳи соли гузашта 32,7% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии воридоти мол ба ҷумҳурӣ 31,8% буда, таносуби воридот дар сохтори гардиши савдои хориҷии минтақа ба 65,9% баробар шудааст.
Тибқи омори расмӣ, афзоиши воридот аз ҳисоби зиёд гардидани воридоти биринҷ 7,4%, орд 39,8%, гандум 3,4 баробар, парандаи хонагӣ 3,1 баробар, тухми паранда 1,8 баробар ва нуриҳо 33,7% ба амал омадааст.
Дар баробари ин, воридоти моҳӣ 2,7%, кунҷора 2,5% ва равғани растанӣ 0,9% коҳиш ёфтааст.