https://sputnik.tj/20260724/nigaroni-prokurori-generali-afzoishi-jinoyatkori-navrason-1079193035.html
Нигаронии Прокурори генералӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон
Нигаронии Прокурори генералӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон
Sputnik Тоҷикистон
Прокурори генералии Тоҷикистон нисбат ба афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон изҳори нигаронӣ кард
2026-07-24T10:41+0500
2026-07-24T10:41+0500
2026-07-24T10:41+0500
дар тоҷикистон
прокурор
додситонӣ
наврасон
сатҳи ҷинояткорӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/17/1079183633_0:76:3072:1804_1920x0_80_0_0_60a1be230c8bf069f6bb5de176b70264.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Вай мӯътақид аст, ки қавонини кишвар дар бораи истифода аз интернет бояд мавриди бознигарӣ қарор гирад.Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, Прокурори генералии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ бо изҳори таассуфи амиқ гуфт, ки мизони ҷинояткорӣ дар миёни наврасон воқеан афзоиш ёфтааст.Бар асоси омори расмӣ, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли гузашта 335 ҷурми иртикобёфта аз сӯи наврасонро сабт карда буданд, аммо ҳоло ин рақам ба 400 маврид расидааст.Прокурори генералӣ гуфт, ин вазъ воқеан нигаронкунанда аст, зеро наврасоне, ки муртакиби ҷиноят мешаванд, ояндаи миллат ва кишвар ҳастанд ва дар натиҷа масъулияти мо низ сангинтар мешавад.Вай афзуд, ки дар гузашта низ мавориди фаровоне вуҷуд доштааст, ки наврасон пас аз таҳаммули давраи маҳкумият ва озодӣ аз зиндон, бори дигар муртакиби ҷиноят шудаанд.“Ба ҳамин далел, мавзӯи наврасонро бисёр ҷиддӣ мегирем. Ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ин замина бо ҷиддият фаъолият мекунанд. Масъалаи аслӣ ин аст, ки чӣ кунем то онҳо муртакиби ҷиноят нашаванд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанд”, - гуфт Прокурори генералӣ.Ҳабибуллоҳ Воҳидзода афзуд, бар асоси омор, бештари ҷурме, ки наврасони боздоштшуда муртакиб мешаванд, дуздӣ аст.“Ҷурмҳои дигаре низ вуҷуд дорад, аз ҷумла роҳзанӣ, расондани осеби ҷисмонӣ ва ҳатто ҷурмҳои сангин ва бахусус бисёр сангин. Барои намуна, як мавриди куштор низ сабт шудааст”, - гуфт ӯ.Прокурори генералӣ бар ин бовар аст, ки барои муассир воқеъ шудани тадобири пешгирӣ аз густариши ҷинояткории наврасон, лозим аст ислоҳот ва иловаҳое дар қавонини кишвар, бахусус дар заминаи истифода аз интернет, телефони ҳамроҳ, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом шавад.“Чӣ бояд кард, то дастрасии наврасон ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии зиёновар маҳдуд шавад? Мо дар ҳоли баррасии таҷрибаи дигар кишварҳо ҳастем, кишварҳое, ки барои истифода аз шабакаҳо ва сомонаҳои интернетӣ маҳдудиятҳое вазъ кардаанд. Дар кишвари мо чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Бо баҳрагирӣ аз таҷрибаи онҳо, бояд ислоҳот ва илҳоқоти лозим дар қавонини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина анҷом шавад”, - гуфт ӯ.Нигаронии Прокурори генералии Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткории наврасон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бар асоси омори расмӣ, дар шашмоҳаи нахусти соли 2026 мизони куллии ҷурму ҷиноят дар кишвар 10 дарсад коҳиш ёфтааст.Бо ин ҳол, омори марбут ба ҷинояткории наврасон ҳамчунон нигаронкунанда аст. Ба назар мерасад, яке аз омилҳои аслии ин вазъ, густариши ҷаҳони маҷозӣ ва интернет бошад, фазое, ки дар солҳои ахир дар канори ҷаҳони воқеӣ, ҷаззобияти бештаре барои наврасон пайдо кардааст. Ин нигаронӣ имрӯз ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон низ матраҳ аст.
https://sputnik.tj/20260723/zamini-jinoi-parvandahoi-zamin-mansabdor-giriftor-1079183037.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/17/1079183633_472:49:3072:1999_1920x0_80_0_0_f6d405f7f48ca90580f928d534603fc7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, прокурор, додситонӣ, наврасон, сатҳи ҷинояткорӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, прокурор, додситонӣ, наврасон, сатҳи ҷинояткорӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Нигаронии Прокурори генералӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон
Прокурори генералии Тоҷикистон нисбат ба афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Вай мӯътақид аст, ки қавонини кишвар дар бораи истифода аз интернет бояд мавриди бознигарӣ қарор гирад.
Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, Прокурори генералии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ бо изҳори таассуфи амиқ гуфт, ки мизони ҷинояткорӣ дар миёни наврасон воқеан афзоиш ёфтааст.
“Худатон тасаввур кунед, ки дар муқоиса бо шашмоҳаи нахусти соли гузашта, мизони ҷинояткории наврасон ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст. Ин мавзӯъ воқеан нигаронкунанда аст”, - гуфт ӯ.
Бар асоси омори расмӣ, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли гузашта 335 ҷурми иртикобёфта аз сӯи наврасонро сабт карда буданд, аммо ҳоло ин рақам ба 400 маврид расидааст.
Прокурори генералӣ гуфт, ин вазъ воқеан нигаронкунанда аст, зеро наврасоне, ки муртакиби ҷиноят мешаванд, ояндаи миллат ва кишвар ҳастанд ва дар натиҷа масъулияти мо низ сангинтар мешавад.
“Тасаввур кунед, агар онҳоро ба зиндон бифиристем, ояндаи онҳо чӣ хоҳад шуд. Ин афрод ҳанӯз ҷавон ҳастанд, чанд солро дар зиндон сипарӣ мекунанд, бо ҷинояткорони ҳирфаӣ ҳамнишин мешаванд ва сипас тасаввур кунед, ки бо чӣ рӯҳия ва шахсият аз зиндон хориҷ хоҳанд шуд. Эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки пас аз озодӣ дубора муртакиби ҷиноят шаванд”, - гуфт Ҳабибуллоҳ Воҳидзода.
Вай афзуд, ки дар гузашта низ мавориди фаровоне вуҷуд доштааст, ки наврасон пас аз таҳаммули давраи маҳкумият ва озодӣ аз зиндон, бори дигар муртакиби ҷиноят шудаанд.
“Ба ҳамин далел, мавзӯи наврасонро бисёр ҷиддӣ мегирем. Ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ин замина бо ҷиддият фаъолият мекунанд. Масъалаи аслӣ ин аст, ки чӣ кунем то онҳо муртакиби ҷиноят нашаванд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанд”, - гуфт Прокурори генералӣ.
Ҳабибуллоҳ Воҳидзода афзуд, бар асоси омор, бештари ҷурме, ки наврасони боздоштшуда муртакиб мешаванд, дуздӣ аст.
“Ҷурмҳои дигаре низ вуҷуд дорад, аз ҷумла роҳзанӣ, расондани осеби ҷисмонӣ ва ҳатто ҷурмҳои сангин ва бахусус бисёр сангин. Барои намуна, як мавриди куштор низ сабт шудааст”, - гуфт ӯ.
Прокурори генералӣ бар ин бовар аст, ки барои муассир воқеъ шудани тадобири пешгирӣ аз густариши ҷинояткории наврасон, лозим аст ислоҳот ва иловаҳое дар қавонини кишвар, бахусус дар заминаи истифода аз интернет, телефони ҳамроҳ, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом шавад.
“Чӣ бояд кард, то дастрасии наврасон ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии зиёновар маҳдуд шавад? Мо дар ҳоли баррасии таҷрибаи дигар кишварҳо ҳастем, кишварҳое, ки барои истифода аз шабакаҳо ва сомонаҳои интернетӣ маҳдудиятҳое вазъ кардаанд. Дар кишвари мо чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Бо баҳрагирӣ аз таҷрибаи онҳо, бояд ислоҳот ва илҳоқоти лозим дар қавонини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина анҷом шавад”, - гуфт ӯ.
Нигаронии Прокурори генералии Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткории наврасон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бар асоси омори расмӣ, дар шашмоҳаи нахусти соли 2026 мизони куллии ҷурму ҷиноят дар кишвар 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бо ин ҳол, омори марбут ба ҷинояткории наврасон ҳамчунон нигаронкунанда аст. Ба назар мерасад, яке аз омилҳои аслии ин вазъ, густариши ҷаҳони маҷозӣ ва интернет бошад, фазое, ки дар солҳои ахир дар канори ҷаҳони воқеӣ, ҷаззобияти бештаре барои наврасон пайдо кардааст. Ин нигаронӣ имрӯз ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон низ матраҳ аст.