Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Тимур Батыршин / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники в городской клинической инфекционной больнице имени И. С. Жекеновой в Алма-Ате, где проходят лечение больные с COVID-19.
Медицинские работники в городской клинической инфекционной больнице имени И. С. Жекеновой в Алма-Ате, где проходят лечение больные с COVID-19. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Обуна шудан
Шумори гирифторони бемориҳои сироятӣ дар саросари кишвар коҳиш ёфта, аммо бемориҳои паразитӣ дар Суғду ВМКБ кам шуда, вале дар Хатлону НТМ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторон ба бемориҳои сироятӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар моҳҳои январ–августи соли ҷорӣ дар кишвар 20,7 ҳазор ҳолати гирифторшавӣ ба бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 11,9 фоиз кам мебошад.
Дар сохтори бемориҳои сироятӣ ҳиссаи асосиро бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда ташкил медиҳанд.
Дар ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ 9963 ҳолат ба қайд гирифта шуда, онҳо 48,1 фоизи шумораи умумии бемориҳои сироятиро ташкил дода мизони коҳиш дорад.
Детская вакцинация. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2026
Дар Тоҷикистон моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон сурат мегирад
Ҳамзамон, дар мавриди гепатитҳои шадиди вирусӣ баръакс, афзоиш ба назар мерасад. Шумораи ин бемориҳо сар аз аввали сол ба 2703 ҳолат расидааст, ки нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 2370 буда, ки 14,1% афзоишро нишон додааст.
Ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ дар ҳаҷми умумии бемориҳои сироятӣ 13% мебошад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои ба бемориҳои паразитӣ гирифтор шудан афзудааст.
Ба гузориши Оҷонси омори кишвар, сар аз аввали сол 27814 ҳодисаи ба чунин бемориҳо гирифторшавӣ сабт шудааст, ки 11,6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.
Тибқи омор аз ҳама бештар аҳолии Хатлон дучори бемориҳои паразидӣ шуда, дар ин давра теъдодашон ба 17757 мерасад ва мизони афзоиш дорад.
Гирифторӣ ба бемориҳои паразитӣ дар ВМКБ 726, Суғд 3516, Душанбе 557 ва дар НТМ бошад, 43165258 ҳолат сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0