Дар Тоҷикистон моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон сурат мегирад

© Unsplash / Alexander SimonsenДетская вакцинация. Иллюстративное фото
Детская вакцинация. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 24 окт - Sputnik.Аз 26 октябр то 6 ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон" рӯзҳои моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, моякӯбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон (ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор) миёни кӯдакони синнашон аз 6 моҳа то 5 сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад.
Қайд карда шудааст, ки рӯзҳои моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Тоҷикистон дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо маъракаи мазкур соли 2025 гузаронида нашуда буд, амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин ба иттилои вазорати тандурустӣ бо дарназардошти зичии муҳоҷират, баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.
Сурхча яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ буда, тавассути ҳаво зуд паҳн мешавад ва метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш, энсефалит ва дигар мушкилоти саломатӣ мегардад.
Пробирки. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2025
Зукоми “Ҳонконг” дар Тоҷикистон бедод дорад
Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, махсусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро сироятёбӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин зарари вазнин расонад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз волидайн, хусусан аз падару модарони кӯдакон даъват менамояд, ки барои гирифтани маълумоти зарурӣ ба муассисаҳои тиббии маҳалли зист муроҷиат намуда, иштироки кўдакони синни мақсаднокро дар рӯзҳои иловагии моякӯбӣ таъмин намоянд.
Қайд карда шудааст, ки моякӯбӣ яке аз роҳҳои самараноки пешгирии сурхча ва гулафшон мебошад.
Вазорат зикр кардааст, ки фарогирии саривақтии кӯдакон бо ваксина барои ҳифзи саломатии онҳо, пешгирии паҳншавии бемориҳо ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0