https://sputnik.tj/20261101/tojikiston-istehsol-sement-ziyod-narkh-garon-shudaast-1081720590.html
Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент зиёду нархаш низ гарон шудааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент зиёду нархаш низ гарон шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик аз афзоиши назарраси семент дар ҷумҳурӣ хабар медиҳанд, аммо сокинон мегӯянд, ки нархаш ҳам гаронтар шудааст
2026-11-01T18:05+0500
2026-11-01T18:05+0500
2026-11-01T23:49+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
семент
саноат
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/07/1060353234_0:21:1083:630_1920x0_80_0_0_c674d1b5ca441c7e4303e620910797c9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол истеҳсоли семент афзоиш додааст. Дар кишвар тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 4,2 млн тонна семент истеҳсол шуд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7% зиёд аст, хабар медиҳад Оҷонсии омор. Маврид ба зикр аст, ки дурнамои истеҳсоли семент дар кишвар барои соли оянда қариби 5,8 млн тонна муайян шудааст. Ин дар муқоиса бо нақша барои соли равон қариби 7% зиёд мебошад, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон. Щамзамон сар аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли сементи бетонӣ ва арматура низ афзудааст. Аз ҷумла истеҳсоли бетони сохтмонӣ ба беш аз 613 ҳазор метри мукааб расид, ки нисбат ба соли гузашта 31,5% афзоишро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, истеҳсоли арматураи сохтмонӣ ба 24374,7 тонна расида, нисбати давраи зикршудаи соли қаблӣ 4,3% зиёд шуд. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти мазкур нишон медиҳад, ки соҳаи сохтмон дар кишвар рушд ёфта истодааст, хабар медиҳад Оҷонсии омор.Дар ҳамин ҳол дар баробари афзоиши ситеҳсоли семент дар кишвар қимати он низ гарон шудааст.Масалан сокинон дар вилояти хатлон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло як халта семент дар минтақа аз 80 сомонӣ боло қимат дорад."Ман дар ноҳияи Шаҳритус ҳоло сохтмон дорам ва қариб як моҳ мешавад, ки ҳар халта сементро бо қимати аз 80 сомонӣ болотар мехарам",- гуфт Асад сокини ин минтақа.Вазъ дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла Суғд низ беҳ нест.Масалан сокинони навоҳии Истаравшан ва Ғончӣ низ ҳар халтаро ба арзиши аз 70 сомонӣ болотар мехаранд."Соли қаблӣ дар ҳамин вақт 45-50 сомонӣ буд, аммо ҳоло 20-25 сомонӣ гарон шудааст. Ба қарибӣ аз Русия омадам каме корҳои сохтмони доштам, ки сементи бештар талаб мекард, бинобар ин ба мавқуф гузоштам",- гуфт Рустам Маҳмудзод сокини Истаравшан.Мақомот ҳоло вобаста ба гарониҳои ин маҳсулот вокуниш накардааст.
https://sputnik.tj/20260826/sement-farovon-oghozi-bunyodi-korkhonai-sement-tojikiston-1079941110.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/07/1060353234_0:0:999:750_1920x0_80_0_0_ecc22191d8b4d0543205fc446bcf2118.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, истеҳсол, семент, саноат, арзиш
дар тоҷикистон, истеҳсол, семент, саноат, арзиш
Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент зиёду нархаш низ гарон шудааст
18:05 01.11.2026 (Навсозишуда: 23:49 01.11.2026) Мақомоти тоҷик аз афзоиши назарраси семент дар ҷумҳурӣ хабар медиҳанд, аммо сокинон мегӯянд, ки нархаш ҳам гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол истеҳсоли семент афзоиш додааст.
Дар кишвар тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 4,2 млн тонна семент истеҳсол шуд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7% зиёд аст, хабар медиҳад Оҷонсии омор.
Маврид ба зикр аст, ки дурнамои истеҳсоли семент дар кишвар барои соли оянда қариби 5,8 млн тонна муайян шудааст.
Ин дар муқоиса бо нақша барои соли равон қариби 7% зиёд мебошад, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон.
Щамзамон сар аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли сементи бетонӣ ва арматура низ афзудааст.
Аз ҷумла истеҳсоли бетони сохтмонӣ ба беш аз 613 ҳазор метри мукааб расид, ки нисбат ба соли гузашта 31,5% афзоишро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, истеҳсоли арматураи сохтмонӣ ба 24374,7 тонна расида, нисбати давраи зикршудаи соли қаблӣ 4,3% зиёд шуд.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти мазкур нишон медиҳад, ки соҳаи сохтмон дар кишвар рушд ёфта истодааст, хабар медиҳад Оҷонсии омор.
Дар ҳамин ҳол дар баробари афзоиши ситеҳсоли семент дар кишвар қимати он низ гарон шудааст.
Масалан сокинон дар вилояти хатлон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло як халта семент дар минтақа аз 80 сомонӣ боло қимат дорад.
"Ман дар ноҳияи Шаҳритус ҳоло сохтмон дорам ва қариб як моҳ мешавад, ки ҳар халта сементро бо қимати аз 80 сомонӣ болотар мехарам",- гуфт Асад сокини ин минтақа.
Вазъ дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла Суғд низ беҳ нест.
Масалан сокинони навоҳии Истаравшан ва Ғончӣ низ ҳар халтаро ба арзиши аз 70 сомонӣ болотар мехаранд.
"Соли қаблӣ дар ҳамин вақт 45-50 сомонӣ буд, аммо ҳоло 20-25 сомонӣ гарон шудааст. Ба қарибӣ аз Русия омадам каме корҳои сохтмони доштам, ки сементи бештар талаб мекард, бинобар ин ба мавқуф гузоштам",- гуфт Рустам Маҳмудзод сокини Истаравшан.
Мақомот ҳоло вобаста ба гарониҳои ин маҳсулот вокуниш накардааст.