Мақомот гуфт, кай таъмири роҳи мошингарди Ваҳдат - Роғун анҷом меёбад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМеждународная автодорога Рогун-Обигарм-Нуробод
Международная автодорога Рогун-Обигарм-Нуробод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2026
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, кай таъмири роҳи Ваҳдат – Роғун ба анҷом расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун навсозӣ шуда, дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.
Роҳи мазкур дар масофаи 70 км навсозӣ шуда, аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат аст.
Паҳноии қисми ҳаракат 10–12 м ва паҳноии канори он 2,5 м-ро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун, инчунин бунёди роҳҳои пиёдагард:
ба дарозии умумии 16,6 ҳаз. метр,
насби 1850 аломати роҳ,
1500 м панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.
Барқарорсозии роҳи мазкур ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Боз кадом роҳҳо дар Тоҷикистон таъмир мешавад?

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло барои беҳтар кардани бахши роҳу нақлиёташ 11 лоиҳаи азими сармоягузориро амалӣ мекунад.
Арзиши ин лоиҳаҳо 1 миллиарду 193 млн доллар аст. Аз ин 5 лоиҳа ба маблағи 590,3 млн доллар дар ҷараёни татбиқ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 млн доллар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Аз ин маблағҳо ба таъкиди вазири нақлиёт Азим Иброҳим 542,5 млн доллар ё 40,99% грант, 200,4 млн доллар ё 21,37% кумаки бебозгашт ва техникӣ, 342,5 млн доллар ё 31,38% қарзи беруна аст.
Рустам Эмомали заложил камень в основание строительства трёх эстакад и одного моста на улице Абдулахада Каххорова в районе Фирдавси.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2026
Оғози сохтмони се эстакада ва як пул дар Душанбе
Ин лоиҳаҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб (32,2 км, 80 млн доллар), Балҷувон – Сарихосор (58 км, 58 млн доллар ), қисмати Мурғоб-Кулма (67 км, 78 млн доллар), Лабиҷар-Сангвор (сохтмони 3 пул, 17,1 млн доллар), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (11 км, 30 млн доллар), таъмири роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Обигарм (70 км, 28,8 млн доллар), сохтмони роҳи автомобилгарди Хистеварз – Конибодом (Арка) (9.7 км, 4.5 млн доллар), Хоруғ-Роштқалъа (39 км, 38,5 млн доллар )-ро дар бар мегирад.
Ба гузориши вазорат дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0