https://sputnik.tj/20261031/gardish-savdo-khoriji-tojikiston-afzoish-1081699604.html
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 35% афзоиш ёфт
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 35% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо 119 кишвари ҷаҳон тиҷорат мекунад ва 38% -и ҳаҷми умумӣ ба кишварҳои ИДМ рост меояд
2026-10-31T12:01+0500
2026-10-31T12:01+0500
2026-10-31T12:01+0500
дар тоҷикистон
гардиши молу коло
савдои хориҷӣ
хориҷ
иқтисод
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078330049_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_aa8bf7fe456f41f949e1d0624565b024.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли 2026 ба 10, 6 млрд доллар баробар гардид.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 2,7 млрд доллар ё 35,6% зиёд мебошад, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.Дар давраи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 119 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷорати хориҷиро ба роҳ мондааст.Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи кишварҳои ИДМ 38,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 4 миллиарду 119,2 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Ҳамзамон, ба кишварҳои хориҷи дур 61,3 фоизи гардиши савдои хориҷӣ ё 6 миллиарду 533,2 миллион доллари ИМА рост меояд.Таҳлили тарози савдо нишон медиҳад, ки дар давраи мавриди назар касри савдои хориҷии кишвар 6,3 млрд долларро ташкил додааст.Аз ҷумла, бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3,2 млн доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур 3 млрд доллар.Тоҷикистон чӣ мехараду чӣ мефурӯшад?Аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ аслан фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо, маъданҳо, сурма, алюминий, нахи пахта, мис маҳсулот, барқ, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.Ба Тоҷикистон бештар мошин, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, таҷҳизоти фанноварӣ ва маҳсулоти ғизоӣ ворид карда мешавад.Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия нақши муҳим дорад. Беш аз 20% - и ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2026 ба ин кишвар рост меояд.Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 23% афзуда, ба беш аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст.
https://sputnik.tj/20261002/tijorat-tojikistonu-rusiya-milliard-dollar-1080895276.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078330049_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_4f65bb156fc38d3a1a9c449820010dba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гардиши молу коло, савдои хориҷӣ, хориҷ, иқтисод, омор
дар тоҷикистон, гардиши молу коло, савдои хориҷӣ, хориҷ, иқтисод, омор
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 35% афзоиш ёфт
Тоҷикистон бо 119 кишвари ҷаҳон тиҷорат мекунад ва 38% -и ҳаҷми умумӣ ба кишварҳои ИДМ рост меояд
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли 2026 ба 10, 6 млрд доллар баробар гардид.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 2,7 млрд доллар ё 35,6% зиёд мебошад, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.
Дар давраи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 119 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷорати хориҷиро ба роҳ мондааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи кишварҳои ИДМ 38,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 4 миллиарду 119,2 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Ҳамзамон, ба кишварҳои хориҷи дур 61,3 фоизи гардиши савдои хориҷӣ ё 6 миллиарду 533,2 миллион доллари ИМА рост меояд.
Таҳлили тарози савдо нишон медиҳад, ки дар давраи мавриди назар касри савдои хориҷии кишвар 6,3 млрд долларро ташкил додааст.
Аз ҷумла, бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3,2 млн доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур 3 млрд доллар.
Тоҷикистон чӣ мехараду чӣ мефурӯшад?
Аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ аслан фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо, маъданҳо, сурма, алюминий, нахи пахта, мис маҳсулот, барқ, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.
Ба Тоҷикистон бештар мошин, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, таҷҳизоти фанноварӣ ва маҳсулоти ғизоӣ ворид карда мешавад.
Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия нақши муҳим дорад. Беш аз 20% - и ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2026 ба ин кишвар рост меояд.
Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 23% афзуда, ба беш аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст.