https://sputnik.tj/20261002/tijorat-tojikistonu-rusiya-milliard-dollar-1080895276.html
Тиҷорати Тоҷикистону Русия наздик ба 1,7 миллиард доллар расид
Тиҷорати Тоҷикистону Русия наздик ба 1,7 миллиард доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Русия соли 2025 2 миллиарду 472,5 миллион долларро ташкил дода буд
2026-10-02T14:45+0500
2026-10-02T14:45+0500
2026-10-02T14:45+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
ҳамкорӣ
табодули мол
гардиши мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0c/1075208561_0:176:3011:1870_1920x0_80_0_0_70515e22fb2c743959ce6247f07cee87.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,4% зиёд мебошад.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст.Тавре ахиран зимни ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дорад."Русия бо итминон мақоми худро ҳамчун шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон нигоҳ медорад ва беш аз 22%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷии кишвари моро ташкил медиҳад", - изҳор дошт сарвазир.Расулзода инчунин "динамикаи мусбат"-и интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русияро қайд кард.Ба гуфтаи ӯ, содирот аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки 1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид.Дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.
https://sputnik.tj/20261002/rasulzoda-rusiya-shariki-iqtisodii-tojikiston-nigoh-1080884481.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0c/1075208561_412:73:3011:2022_1920x0_80_0_0_5e8c1879fef01d4ad98052ebab309c0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, ҳамкорӣ, табодули мол, гардиши мол
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, ҳамкорӣ, табодули мол, гардиши мол
Тиҷорати Тоҷикистону Русия наздик ба 1,7 миллиард доллар расид
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Русия соли 2025 2 миллиарду 472,5 миллион долларро ташкил дода буд
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,4% зиёд мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре ахиран зимни ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дорад.
"Русия бо итминон мақоми худро ҳамчун шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон нигоҳ медорад ва беш аз 22%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷии кишвари моро ташкил медиҳад", - изҳор дошт сарвазир.
Расулзода инчунин "динамикаи мусбат"-и интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русияро қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, содирот аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
"Ин тамоюли мусбат имсол низ идома дорад - дар тӯли ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорат аз 1,7 миллиард доллар гузашт ва содироти Тоҷикистон боз 45% афзоиш ёфт", - афзуд сарвазир.
Ёдовар мешавем, ки 1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид.
Дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.