Дар Душанбе 6 лоиҳаи нав бо 3 ҳаз. ҷойи корӣ амалӣ мешавад

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон торжественно открыл Общество с ограниченной ответственностью "Разес Фарма".
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон торжественно открыл Общество с ограниченной ответственностью Разес Фарма.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2026
Обуна шудан
Дар назар аст, ки бо роҳандозию амалӣ гардидани тарҳҳои ҷадид дар пойтахт 3 ҳаз. ҷойи корӣ ташкил карда шавад
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Дар шаҳри Душанбе як қатор лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, логистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ муаррифӣ шуда, бунёди чанд иншооти муҳим аллакай оғоз гардид.
Дар маросими оғози сохтмон ва рӯнамоии тарҳҳои ҷадид, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Ҳамин тавр, дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияиСино маҷмааи муосири логистикӣ ва истеҳсолии ҶДММ Ёвар сохта мешавад..
Лоиҳа таъсиси маркази истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва иншооти коркарду бастабандии меваю сабзавотро дар бар гирифта, пас аз татбиқи пурраи он 930 ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин, сохтмони корхонаи нави истеҳсоли техникаи маишии ҶДММ Артел Авесто Электроникс бо иқтидори беш аз 500 ҳаз. техникаи маишӣ дар як сол бо таъсиси 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин маҳалла, лоиҳаи корхонаи истеҳсолии ҶДММ Хонаи ман низ муаррифӣ гардид, ки мизу курсӣ ва рахти хобу ҷевону дигар таҷҳизотро истеҳсол хоҳад кард.
Дар баробари ин, дар Душанбе сохтмони Маркази агрологистикӣ оғоз шуд, ки барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи бунёди сардхонаи ҶДММ Мармарӣ бо ғунҷоиши 2 ҳаз. тонна маҳсулот аз тарҳҳои дигар аст.
Центр аутизма в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2026
Дар Душанбе бинои нави Маркази аутизм кушода шуд: Он чӣ гуна аст ва барои кист?
Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири нигоҳдорӣ муҷаҳҳаз шуда, барои ҳифзи сифати маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат пешбинӣ шудааст.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президент, дар маҷмӯъ дар Душанбе таъсиси зиёда аз 3 ҳаз. ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0