Дар Тоҷикистон барои корҷӯён барномаи мобилии "Hunar" муаррифӣ гардид

© Изображение сгенерировано ИИРабочий со смартфоном в руках. Иллюсьративное фото
Рабочий со смартфоном в руках. Иллюсьративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Обуна шудан
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии барномаи мобилии "hunar" баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Дар Тоҷикистон барои корҷӯён барномаи ҷадид таҳти унвони "Hunar" муаррифӣ шуд.
Барнома аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ "Пиксел" таҳия шудааст, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат.
Дар рӯнамоии барнома муовини вазир Ашурализода Абдураҳмон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои таркибии иштирок намуданд.
Барномаи мазкур платформаи муосири рақамӣ мебошад, ки мутахассисони соҳаҳои гуногун ва фармоишгаронро мустақиман бо ҳам мепайвандад.
Барномаи "Hunar" барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ имконияти дастрасӣ ба ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.
Ин барномаи мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бармегарданд ва ба кор ниёз доранд, занони хонашин, ки метавонанд дар хона нишаста хизматрасонӣ пешниҳод кунанд ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дастрасӣ ба ҷойҳои кории анъанавӣ барояшон душвор аст, омода гардидааст.
Рабочие на строительной площадке Деревни Универсиады-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: Ба ваъдаҳои кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накунед
Баъди муаррифии барнома аз ҷониби кормандони сохторҳои вазорат ба намояндагони барномаи мобилии "hunar" ҷиҳати мукаммал гардонидани он пешниҳоду дархостҳои мушаххас манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи гузориши Агентии омори Тоҷикистон, то моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳаз. кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд ва ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0