Беш аз 80 млрд: Даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2027 афзоиш меёбад

© Foto / Изображение сгенерировано ИИЭкономический рост.
Экономический рост. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон даромади буҷаи давлатиро барои соли 2027 афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 окт- Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он буҷаи давлатӣ барои соли 2027 муҳокима гардид.
Ҳамин тавр, даромади буҷаи давлатӣ барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 млрд сомонӣ пешбинӣ мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷаи тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 млрд сомонӣ ё ба андозаи 23,2% зиёд мебошад.
Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Даромади буҷаи давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 - 90,2 млрд сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 млрд сомонӣ пешбинӣ мегардад.
Президент дастур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин дар кори маҷлис:
Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029,
Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030,
Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030,
Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030,
Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Раҳмон гуфт барои рушди панҷ ноҳия аз буҷаи кишвар беш аз 6 млрд сомонӣ равона шудааст
Дар фаровард президент, таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулинро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳо, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуд.
Лентаи хабарҳо
0