Раҳмон гуфт барои рушди панҷ ноҳия аз буҷаи кишвар беш аз 6 млрд сомонӣ равона шудааст

© telegram SputnikTjБолее 6 млрд сомони было выделено на развитие РРП за годы независимости, заявил Рахмон
Более 6 млрд сомони было выделено на развитие РРП за годы независимости, заявил Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор барои бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ аз тарафи давлат корҳои назаррас амалӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт эълон кард.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон дар ин давра ба иқтисодиёти ин манотиқ дар маҷмуъ, 5,6 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шудааст.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 50 ҳазор оилаи ноҳияҳои зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати умумии 11 ҳазор гектар ҷудо карда шудаанд.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки барои бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
“Танҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар 20 соли охир дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш 43 иншоот ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, гуфт Раҳмон.
Вай илова кард, ки ҳоло сохтмони панҷ иншооти дигар бо арзиши умумии 370 миллион сомонӣ идома дорад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Аз ифтитоҳи бинои фурудгоҳ то осорхонаи Нусратулло Махсум: Боздиди Раҳмон аз Рашт
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар 20 соли охир шумораи корхонаҳои саноатии минтақа беш аз се баробар афзоиш ёфта, истеҳсоли 37 номгӯйи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 197 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2015–ум 4,3 баробар зиёд гардидааст”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон таъкид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ зиёда аз 128 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 3 ҳазор киловатт мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар натиҷаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва заҳмати кишоварзон соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти соҳа ба 2,8 миллиард сомонӣ расидааст.
Лентаи хабарҳо
0