https://sputnik.tj/20261029/korshinos-doloni-shimolu-janub-video-1081642495.html
Коршинос: Рушди долонҳои нақлиётӣ тақвияти иқтисоди Тоҷикистон аст - Видео
Коршинос: Рушди долонҳои нақлиётӣ тақвияти иқтисоди Тоҷикистон аст - Видео
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масъалаи рушди муносиботи Эрон ва Тоҷикистон изҳори назар кард
2026-10-29T16:32+0500
2026-10-29T16:32+0500
2026-10-29T21:41+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
видео
коршинос
дар тоҷикистон
эрон
муносибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1d/1081640753_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_5983885e068a6ced41f59b53817e4c79.jpg
Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ Алексей Зубетс, долони шимолии Каспий, ки аз қаламрави Русия мегузарад, ба яке аз долонҳои калидии коммуникатсионии Эрон бо ҷаҳони беруна табдил ёфтааст. Ҳоло аксари борҳои беруна, ки ба Эрон равона карда мешаванд, бо ин роҳ интиқол меёбанд.Аммо, бо вуҷуди ин, аҳамияти асосии ин масир таъмини дастрасии бемамониат ба бозори Эрон, аз ҷумла барои Чин аст, афзуд коршинос.Мушкили асосии Тоҷикистон дастрасӣ надоштан ба роҳҳои баҳрӣ аст мегӯяд коршинос.Бар бовари коршинос, барои расидан ба баҳр Тоҷикистон бояд тавассути Туркманистон ба Озарбойҷон роҳ кушояд ва баъд ба баҳри Миёназамин расад. Вале варианти ҷолибтарашро коршинос бо дастрасӣ ба бандарҳои Эрон шарҳ дод.Тоҷикистону Эрон ният доранд, табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонандСуҳбати пурраи коршиноси директори Маркази тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ Алексей Зубетсро дар бораи рушди долонҳои нақлиётии Тоҷикистон дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1d/1081640753_40:0:1000:720_1920x0_80_0_0_9ece9509cf9f0de8dbd80e6704dc6469.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, коршинос, дар тоҷикистон, эрон, муносибот, видео
видео, коршинос, дар тоҷикистон, эрон, муносибот, видео
Коршинос: Рушди долонҳои нақлиётӣ тақвияти иқтисоди Тоҷикистон аст - Видео
16:32 29.10.2026 (Навсозишуда: 21:41 29.10.2026) Эксклюзив
Коршиноси масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масъалаи рушди муносиботи Эрон ва Тоҷикистон изҳори назар кард
Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ Алексей Зубетс, долони шимолии Каспий, ки аз қаламрави Русия мегузарад, ба яке аз долонҳои калидии коммуникатсионии Эрон бо ҷаҳони беруна табдил ёфтааст. Ҳоло аксари борҳои беруна, ки ба Эрон равона карда мешаванд, бо ин роҳ интиқол меёбанд.
"Ва он долоне, ки айни замон дар ҳоли сохтмон аст ва қариб ба анҷом расидааст ва Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро мепайвандад, инчунин як лоиҳаи дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Он аз ҷиҳати рушди тиҷорат ва муоширати иқтисодӣ байни кишварҳо, лоиҳаҳои дохилӣ, мубодилаи молҳо, ҳамкории муштараки саноатӣ мавқеи стратегӣ дорад", - гуфт Зубетс дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Аммо, бо вуҷуди ин, аҳамияти асосии ин масир таъмини дастрасии бемамониат ба бозори Эрон, аз ҷумла барои Чин аст, афзуд коршинос.
"Ин рушди геополитикӣ имкониятҳои иловагиро барои табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази транзитӣ фароҳам меорад, ки хеле муҳим аст, зеро он ҷараёни иловагии даромадро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Афғонистон ва Эрон ба бор меорад. Рушди ин намуди нақлиёт, долонҳо, албатта, яке аз роҳҳои тақвияти рушди иқтисоди Тоҷикистон аст", - бовар дорад Алексей Зубетс.
Мушкили асосии Тоҷикистон дастрасӣ надоштан ба роҳҳои баҳрӣ аст мегӯяд коршинос.
Бар бовари коршинос, барои расидан ба баҳр Тоҷикистон бояд тавассути Туркманистон ба Озарбойҷон роҳ кушояд ва баъд ба баҳри Миёназамин расад. Вале варианти ҷолибтарашро коршинос бо дастрасӣ ба бандарҳои Эрон шарҳ дод.
Суҳбати пурраи коршиноси директори Маркази тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ Алексей Зубетсро дар бораи рушди долонҳои нақлиётии Тоҷикистон дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.