https://sputnik.tj/20261020/tojikistonu-eron-taboduli-koloro-1-milliard-dollar-rasonand-1081345080.html
Тоҷикистону Эрон ният доранд, табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонанд
Тоҷикистону Эрон ният доранд, табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Эрон омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти пайвастаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманди мутақобила изҳор доштанд
2026-10-20T10:41+0500
2026-10-20T10:41+0500
2026-10-20T10:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
равобит
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/13/1081346512_0:209:1938:1299_1920x0_80_0_0_ec980004749aa35274fffba746d727dc.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон тасмим гирифтаанд тиҷоратро афзоиш диҳанд ва табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонандСарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Ориф ба тавофуқ расиданд, ки табодули колоро то 1 миллиард доллар афзоиш диҳанд.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Тоҷикистон, ин масъаларо Қоҳир Расулзода бо Муҳаммадризо Ориф, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) вориди Душанбе шудааст, баррсӣ намудааст.Қайд карда мешавад, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 28% афзоиш ёфта, 483,9 миллион долларро ташкил додааст.Дар нимаи аввали соли 2026 ин рақам ба 254,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8% афзоиш ёфтааст.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва рушди робитаҳои нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ карданд.Зимни баррасии муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои муштаракро барои афзоиши гардиши моли мутақобила то 1 миллиард доллар таъкид карданд.Тибқи изҳорот, дар ин робита, аҳамияти тақвияти ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузории муштарак ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ таъкид шудааст.Пас аз мулоқот, Расулзода ва Ореф омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти пайвастаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманди мутақобила изҳор доштанд.
https://sputnik.tj/20260928/shermuhammad-shohiyon-tojkiston-sharoit-kanori-eron-1080776119.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/13/1081346512_57:0:1877:1365_1920x0_80_0_0_69fb4bdae81d4fde07cdb2cddcf55464.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит, табодули мол
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит, табодули мол
Тоҷикистону Эрон ният доранд, табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонанд
Тоҷикистону Эрон омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти пайвастаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманди мутақобила изҳор доштанд
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон тасмим гирифтаанд тиҷоратро афзоиш диҳанд ва табодули колоро ба 1 миллиард доллар расонанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Ориф ба тавофуқ расиданд, ки табодули колоро то 1 миллиард доллар афзоиш диҳанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Тоҷикистон, ин масъаларо Қоҳир Расулзода бо Муҳаммадризо Ориф, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) вориди Душанбе шудааст, баррсӣ намудааст.
Қайд карда мешавад, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 28% афзоиш ёфта, 483,9 миллион долларро ташкил додааст.
Дар нимаи аввали соли 2026 ин рақам ба 254,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8% афзоиш ёфтааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва рушди робитаҳои нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ карданд.
Зимни баррасии муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои муштаракро барои афзоиши гардиши моли мутақобила то 1 миллиард доллар таъкид карданд.
Тибқи изҳорот, дар ин робита, аҳамияти тақвияти ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузории муштарак ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ таъкид шудааст.
Пас аз мулоқот, Расулзода ва Ореф омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти пайвастаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманди мутақобила изҳор доштанд.