Кишвари суннатгаро: Чаро Тоҷикистон ба боло бурдани синни нафақа ниёз надорад
17:19 29.10.2026 (Навсозишуда: 17:28 29.10.2026)

© Foto / Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Обуна шудан
Эксклюзив
Ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиносони ғарбӣ пешниҳод шудааст, аз воқеият дур аст. Тавсияҳои беруна барои кишвар чӣ паёмадҳо хоҳанд дошт, Sputnik Тоҷикистон инро таҳқиқ кард
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Бонки осиёии рушд бори дигар бо дахолати густох ба сиёсати дохилии давлатҳои соҳибихтиёр ҷудоии амиқ аз воқеиятро нишон медиҳад.
Ин дафъа ҳадафи "нигаронии" мақомоти байналмилалӣ Тоҷикистон шуд, ки бонк ба ин кишвар тавсия додаст, ки синни нафақаро ба таври куллӣ баланд бардорад ё онро барои мардон ва занон ба 63-65 сола баробар кунад.
Ба ҷои пешниҳоди абзори воқеӣ барои барқарорсозии иқтисодӣ, коршиносони Бонки осиёии рушд ба яке аз соҳаҳои ҳассостарини иҷтимоии кишвар дахолат мекунанд.
Ин ниҳоди молиявии байналмилалӣ иддао дорад, ки ин равиш ба Тоҷикистон дар коҳиш додани бори демографӣ ба иқтисодиёт дар марҳилаи дарозмуддат кӯмак хоҳад кард.
“Ба манзури тақвияти пойдории молии низоми бознишастагӣ ва рафъи нобаробарии ҷинсиятӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа метавонанд дар баландмуддат имкони афзоиши тадриҷии синни бознишастагиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд”, — омадааст дар гузориши Бонки осиёии рушд.
Ба гуфтаи муаллифон, чунин чора метавонад ба коҳиш додани таносуби вобастагии аҳолии солхӯрда мусоидат кунад. Гарчанде ки Бонки осиёии рушд таъкид мекунад, ки пешниҳодҳои он танҳо машваратӣ мебошанд, худи Тоҷикистон бояд оқибатҳои ин "маслиҳат"-ро дарк кунад, зеро вазъияти воқеии иқтисодӣ ба ҳисобҳо аз утоқҳои таҳлилгарони хориҷӣ комилан мухолиф аст. Бо кӯшиш барои мутобиқ кардани кишвар ба меъёрҳои ғарб, БОР хусусиятҳои маҳаллиро комилан нодида мегирад.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки оё баланд бардоштани синни нафақа дар Тоҷикистон зарур аст ва ин чӣ паёмадҳо дошта метавонад.
Муносибати расмӣ
Тоҷикистон як “кишвари ҷавон” аст ва зарурате барои афзоиши синни бознишастагӣ вуҷуд надорад. Чунин омадааст дар тавзеҳоти расмии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Дар ҳақиқат, кишвар дорои потенсиали бузурги демографӣ аст, аз ин рӯ мушкили асосӣ на аз ҳад зиёд будани нафақахӯрон, балки норасоии ҷойҳои кории босифат барои ҷавонон аст. Аз ин рӯ, татбиқи чунин меъёрҳо дар кишваре, ки синни миёнаи аҳолӣ тақрибан 25 сол аст, ба як кӯшиши бемаънӣ барои табобати як гурӯҳи солим бо доруҳое, ки барои пиршавии Аврупо пешбинӣ шудаанд, монанд аст.
Бар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” аз соли 2010, бо ислоҳот ва илҳоқоти баъдӣ, ҳуқуқи бознишастагии суғуртаӣ бар асоси син барои мардон пас аз расидан ба 63-солагӣ ва барои занон пас аз расидан ба 58-солагӣ таъйин мешавад. Ҳамзамон, тибқи илзомоти қонун, барои дарёфти ин навъи ҳуқуқи бознишастагӣ доштани собиқаи суғуртаии лозим, ки барои мардон дастикам 300 моҳ ва барои занон дастикам 240 моҳ аст, зарурӣ мебошад.
“Пешниҳодҳои матраҳшуда дар гузориши Бонки осиёии рушд дар бораи афзоиши тадриҷии синни бознишастагии занон ба 63 сол ё таъйини синни воҳиди бознишастагӣ барои мардон ва занон дар сатҳи 65 сол, сирфан ҷанбаи тавсияӣ доранд ва ба худии худ муҷиби тағйири муқаррароти ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон намешаванд”, — омадааст дар ин баёния.
Тавре аз агентӣ хабар доданд, масъалаҳои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ дар низоми суғуртаи нафақа, таъмини шаффофияти баҳисобгирии саҳмҳои суғурта ва такмили механизмҳои таъин ва пардохти нафақа аҳамияти хоса доранд.
“Чӣ зарурате дорад?”
Дар ҳамин ҳол, вокуниши мардум ба пешниҳоди Бонки осиёии рушд дар маҷмӯъ манфӣ аст. Ин амр пеш аз ҳама ба он далел аст, ки ҳуқуқи бознишастагӣ омили таъйинкунандае дар ҳалли масоили иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб намешавад, зеро мардуми ин кишвар дар бархӯрд бо бознишастагон ба суннатҳои милливу динии худ такя мекунанд; ба ин маъно, ки афроди солманд пас аз расидан ба синни бознишастагӣ умдатан таҳти ҳимояти фарзандони худ қарор мегиранд.
Аз сӯи дигар, Ҳанифа, яке аз мусоҳибашавандагони Спутник Тоҷикистон, ки ба унвони назофатчӣ дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Душанбе кор мекунад, мегӯяд, мушкили ӯ ва амсоли ӯ пайдо кардани коре бо даромади муносиб ва кофӣ барои таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ аст.
“Ҳуқуқе, ки аз кор мегирем, ба сахтӣ кифояти махориҷи зиндагиямонро медиҳад. Агар бар асоси ҳамин ҳуқуқ бознишаста шавем, нафақаи чандоне насибамон нахоҳад шуд. Танҳо умедамон ба фарзандонамон аст, ки сари кор бираванд ва моро зери болу пари худ бигиранд”, — гуфт ин зан.
Ба гуфтаи ӯ ва дигар заноне, ки бо Спутник Тоҷикистон гуфтугӯ карданд, пас аз 40 то 50-солагӣ пайдо кардани кор ба далели синну сол душвор мешавад. Аз ин рӯ, кор кардани онон то 60 ё 65-солагӣ пешниҳоди воқеъбинонае нест.
Вазъияти мушобеҳе дар миёни мардон низ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон бисёре аз мардон пас аз 55 ё 60-солагӣ, ҳатто агар дар кор таҷрибаи зиёде дошта бошанд, аз назари ҷисмӣ фарсуда мешаванд ва дар бештари маворид фарзандонашон иҷоза намедиҳанд, ки онон ҳамчунон кор кунанд, ба вижа корҳои сангини баданӣ.
Вазъияти мушобеҳе дар миёни мардон низ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон бисёре аз мардон пас аз 55 ё 60-солагӣ, ҳатто агар дар кор таҷрибаи зиёде дошта бошанд, аз назари ҷисмӣ фарсуда мешаванд ва дар бештари маворид фарзандонашон иҷоза намедиҳанд, ки онон ҳамчунон кор кунанд, ба вижа корҳои сангини баданӣ.
Суннат ба ҷойи сиёсат
Коршиносон бар ин боваранд, ки зоҳиран дастури кори Бонки осиёии рушд таъмини “баробарии ҷинсиятӣ” аст; мавзӯе, ки дар Тоҷикистон чандон масъалаи ҳодде ба шумор намеравад, зеро 70 дарсади занони кишвар хонадор ҳастанд ё собиқаи кор дар идорот, муассисот ва воҳидҳои хадамотӣ надоранд, аммо ҳаққи дарёфти нафақаи иҷтимоии бознишастагиро доранд, ки маблағи кунунии он 460 сомонӣ аст.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси тоҷик, бар ин бовар аст, ки пазириши тавсияи Бонки осиёии рушд тағйири чандоне на дар сиёсати таъмини баробарии ҷинсиятӣ ва на дар беҳбуди вазъияти иҷтимоӣ эҷод нахоҳад кард, зеро воқеиятҳои Тоҷикистон мутафовит аст.
“Аксарияти бознишастагон асосан таҳти ҳимоят ва муроқибати фарзандони худ қарор доранд. Давлат ҳар сол дарсади муайянеро ба ҳуқуқи бознишастагии онон изофа мекунад, аммо ин афзоиш дар маҷмӯъ посухгӯи тамоми ниёзҳои онон нест”, — ӯ гуфт.
Бар асоси муҳосибаҳои мухталиф, ҳазинаи зиндагӣ дар Тоҷикистон барои ҳар нафар дар моҳ чизе миёни 4 то 4,5 ҳазор сомонӣ, муодили ҳудуди 450 то 500 доллар, баровард мешавад
Бар асоси омори расмии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2026 шумори бознишастагони сабтшуда дар кишвар ба 893 ҳазору 49 нафар расидааст. Аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, ки шумори бознишастагон 572 ҳазор нафар буд, теъдоди дарёфткунандагони ҳуқуқи бознишастагӣ 53 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси додаҳои Созмони Милали Муттаҳид, афроди солманд дар Тоҷикистон 3,8 то 4 дарсад ва ҷамъияти зери 30 сол 70 дарсади кулли ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд
Ба қавли Хусейнов, ин пойинтарин мизони солмандии ҷамъият дар фазои кишварҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ба шумор меравад. Пойин будани сатҳи солмандии ҷамъият дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи ӯ, нерӯи кори кофӣ барои таъмини ниёзҳои шумори андаки солмандон вуҷуд дорад.
Бонки осиёии рушд бояд суннатҳо ва ҳамчунин ин авомилро дар назар бигирад, ки Тоҷикистон дар зумраи кишварҳое бо “сохтори ҷамъиятии ҷавон” қарор дорад, ки дар он падидаи солмандии ҷамъият ҳанӯз ба як мушкили буҳронӣ табдил нашудааст. Ин таҳлили Созмони Милали Муттаҳид аст. Аз сӯи дигар, ҳеч фарзанд ё ҳатто хешованди наздике иҷоза намедиҳад, ки азизаш дар даврони солмандӣ кор кунад. Ин хилофи суннатҳои миллӣ ва динӣ аст”, — гуфт ин коршинос.
Коршиносон бар ин боваранд, ки афзоиш ё коҳиши синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон чандон аҳамияти таъйинкунандае надорад. Зеро таъсири асосии иқтисодӣ аз таъсиси ҷойҳои нави доимии корӣ ва афзоиши умумии даромади аҳолӣ вобаста аст. Аммо, коршиносон истисно намекунанд, ки бо мурури замон мақомоти Тоҷикистон низ ин қадамро хоҳанд гузошт.
