https://sputnik.tj/20261024/tojikiston-sinni-boznishastagi-bolo-1081482365.html
Оё синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад?
Оё синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти ҳама гуна пардохтҳои нафақа ва бахусус, шартҳои гирифтани онҳо аз ҷониби қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ танзим карда мешаванд
2026-10-24T14:49+0500
2026-10-24T14:49+0500
2026-10-24T15:12+0500
дар тоҷикистон
бознишаста
ҳаққи бознишастагӣ
нафақа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_0:222:3000:1910_1920x0_80_0_0_9d581f2f53941fcddcc7fbf87b629b47.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон синни нафақа боло бурда намешавад.Дар ин бора, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар эълон кард.Агентӣ таъкид намуд, ки татбиқи ҳама гуна тағйирот дар ин самт, аз ҷумла таъини пардохтҳо ва шартҳои гирифтани онҳо, аз ҷониби қонунгузории амалкунандаи кишвар танзим карда мешавад.Агентӣ афзуд, ки тағйирот дар синни нафақа, фарогирии суғурта ва сабабҳои таъини кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шаванд ва пас аз эътибор пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба эътибор дарояд.Созмон инчунин қайд кард, ки таъмини устувории иҷтимоӣ, васеъ кардани фарогирии суғуртаи иҷтимоӣ, беҳтар кардани баҳисобгирии дахлдор ва таъмини ҳифзи ҷамъиятии шаҳрвандон самтҳои муҳими сиёсати миллӣ мебошанд.Агентӣ изҳор дошт, ки зарур аст, ки огоҳии мардум дар бораи ҳуқуқ ва масъулиятҳо дар ин самт баланд бардошта шавад ва шаффофияти низоми пардохти суғуртаи иҷтимоӣ таъмин карда шавад.Айни замон, синну соли нафақа дар Тоҷикистон, тибқи Қонун "Дар бораи нафақаҳои суғурта ва давлатӣ", барои мардон 63 ва барои занон 58 сол аст.Барои гирифтани кӯмакпулӣ, мутаносибан ҳадди аққал 25 ва 20 сол таҷрибаи корӣ талаб карда мешавад.Қаблан мақомоти Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки шумораи нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ дар соли 1991 беш аз 572 ҳаз. нафар буд, то 1 августи соли 2026 он ба 886,1 ҳаз. нафар расид, ки 53% афзоишро нишон медиҳад.Афзоиши шумораи нафақахӯрон аз замони истиқлолияти кишвар аз ҳисоби афзоиши босуръати аҳолӣ ва афзоиши давомнокии умр ба амал омадааст.
https://sputnik.tj/20260805/maqomot-sugd-sentyabr-muzdi-mehnat-baland-1079480493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_501:125:3000:2000_1920x0_80_0_0_0010344b20eafa5ecbed8a91d60931ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бознишаста, ҳаққи бознишастагӣ, нафақа
дар тоҷикистон, бознишаста, ҳаққи бознишастагӣ, нафақа
Оё синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад?
14:49 24.10.2026 (Навсозишуда: 15:12 24.10.2026) Таъиноти ҳама гуна пардохтҳои нафақа ва бахусус, шартҳои гирифтани онҳо аз ҷониби қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ танзим карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон синни нафақа боло бурда намешавад.
Дар ин бора, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар эълон кард.
Агентӣ таъкид намуд, ки татбиқи ҳама гуна тағйирот дар ин самт, аз ҷумла таъини пардохтҳо ва шартҳои гирифтани онҳо, аз ҷониби қонунгузории амалкунандаи кишвар танзим карда мешавад.
Агентӣ афзуд, ки тағйирот дар синни нафақа, фарогирии суғурта ва сабабҳои таъини кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шаванд ва пас аз эътибор пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба эътибор дарояд.
Созмон инчунин қайд кард, ки таъмини устувории иҷтимоӣ, васеъ кардани фарогирии суғуртаи иҷтимоӣ, беҳтар кардани баҳисобгирии дахлдор ва таъмини ҳифзи ҷамъиятии шаҳрвандон самтҳои муҳими сиёсати миллӣ мебошанд.
Агентӣ изҳор дошт, ки зарур аст, ки огоҳии мардум дар бораи ҳуқуқ ва масъулиятҳо дар ин самт баланд бардошта шавад ва шаффофияти низоми пардохти суғуртаи иҷтимоӣ таъмин карда шавад.
Айни замон, синну соли нафақа дар Тоҷикистон, тибқи Қонун "Дар бораи нафақаҳои суғурта ва давлатӣ", барои мардон 63 ва барои занон 58 сол аст.
Барои гирифтани кӯмакпулӣ, мутаносибан ҳадди аққал 25 ва 20 сол таҷрибаи корӣ талаб карда мешавад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки шумораи нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ дар соли 1991 беш аз 572 ҳаз. нафар буд, то 1 августи соли 2026 он ба 886,1 ҳаз. нафар расид, ки 53% афзоишро нишон медиҳад.
Афзоиши шумораи нафақахӯрон аз замони истиқлолияти кишвар аз ҳисоби афзоиши босуръати аҳолӣ ва афзоиши давомнокии умр ба амал омадааст.