https://sputnik.tj/20261028/sanjish-subekt-sohibkor-moratoriy-tojikiston-1081583834.html
Барои санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ то соли 2029 мораторий эълон шуд
Барои санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ то соли 2029 мораторий эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бори панҷум аст, ки президенти Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ санҷиши онҳоро таваққуф менамояд
2026-10-28T12:10+0500
2026-10-28T12:10+0500
2026-10-28T12:42+0500
дар тоҷикистон
эмомали рахмон
фармон
соҳибкор
мараторий
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1c/1081586938_0:58:2048:1211_1920x0_80_0_0_4181ebd0414795d24c4269bf3b27c60b.jpg
Душанбе, 28 октябр- Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна” -ро имзо намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.Ҳамин тавр, Ҳукумати Тоҷикистон санадҳои меъёри ҳуқуқиро барои татбиқи қонуни мазкур омода мегардонад.Дар он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муайян мегардад.Дар доираи амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий санҷишҳо боздошта мешавад.Мораторий ба санҷишҳои мақомоти андоз дахл надорад.Дар Тоҷикистон ба қайдгирии корхонаҳои хурду миёна дар 9 моҳи соли ҷорӣ 4,8% нисбат ба соли гузашта афзуда аст.Ёдовар мешавем, ки чунин мазмун моракторияҳо солҳои 2008 , 2011, 2018, 2022, 2025 низ эълон гашта буданд.Мораторияҳои эълонгашта барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20260518/shumora-sohibkoron-tojikiston-ziyod-omor-1077612635.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1c/1081586938_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_b118f6d5cc49b3c757995a76184fbb8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомали рахмон, фармон, соҳибкор, мараторий
дар тоҷикистон, эмомали рахмон, фармон, соҳибкор, мараторий
Барои санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ то соли 2029 мораторий эълон шуд
12:10 28.10.2026 (Навсозишуда: 12:42 28.10.2026) Бори панҷум аст, ки президенти Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ санҷиши онҳоро таваққуф менамояд
Душанбе, 28 октябр- Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна” -ро имзо намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, Ҳукумати Тоҷикистон санадҳои меъёри ҳуқуқиро барои татбиқи қонуни мазкур омода мегардонад.
Дар он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муайян мегардад.
Дар доираи амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий санҷишҳо боздошта мешавад.
Мораторий ба санҷишҳои мақомоти андоз дахл надорад.
Дар Тоҷикистон ба қайдгирии корхонаҳои хурду миёна дар 9 моҳи соли ҷорӣ 4,8% нисбат ба соли гузашта афзуда аст.
Ёдовар мешавем, ки чунин мазмун моракторияҳо солҳои 2008 , 2011, 2018, 2022, 2025 низ эълон гашта буданд.
Мораторияҳои эълонгашта барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.