https://sputnik.tj/20260518/shumora-sohibkoron-tojikiston-ziyod-omor-1077612635.html
Шумораи соҳибкорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст: бештарашон дар Суғд
Шумораи соҳибкорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст: бештарашон дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи додаҳои Агентии омор бештари соҳибкорони инфиродии кишвар дар вилояти Суғд сабт шудааст, ки 35,4%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад
2026-05-18T09:33+0500
2026-05-18T09:33+0500
2026-05-18T09:33+0500
дар тоҷикистон
соҳибкор
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056617_0:136:2000:1261_1920x0_80_0_0_90facb04297bc17b9c0a81cf6704f0b7.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда афзоиш ёфтааст.Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар ба ҳолати 1 апрели соли 2026, 349,7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар кишвар сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, из ин шумор 40,5 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома, 58,7 ҳазор бо патент, 68,1 ҳазор бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 182,4 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.Таъкид шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 14556 адад ва 4,3% зиёд шудааст.Аз он ҷумла соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 5,1 ҳазор (8,2%), соҳибкорони инфиродии хоҷагии деҳқонӣ 1,9 ҳазор (1%), соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома 2,5 ҳазор (6,7%), соҳибкорони инфиродии тибқи патент 5,1ҳазор (9,5%), зиёд мебошанд. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 11470 адад соҳибкори инфиродии навтаъсис бақайд гирифта шудааст.Аз шумораи умумии соҳибкорони бақайдгирифташуда дар моҳҳои январмарти соли ҷорӣ, 6236 адад соҳибкори инфиродӣ қатъи фаъолият кардаст, афзудааст Агентии омор.Аз он ҷумла 1029 адад соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 2184 адад тибқи патент, 2179 адад тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 844 адад соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ қатъи фаъолият кардаанд.Тибқи додаҳои Агентии омор бештари соҳибкорони инфиродии кишвар дар вилояти Суғд сабт шудааст, ки 35,4%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад.Дар ҷои дуюм Хатлон бо 31,9%, зинаи сеюм НТМ бо 17% буда, Душанбе ва ВМКБ бо 13,1% ва 2,6% дар ҷойҳои баъдӣ қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20260326/grant-prezidenti-zanon-hunarmand-sohibkor-1076326534.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056617_169:0:1949:1335_1920x0_80_0_0_39cbd3ffb6ffff3afe853550ba569823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, соҳибкор, омор
дар тоҷикистон, соҳибкор, омор
Шумораи соҳибкорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст: бештарашон дар Суғд
Тибқи додаҳои Агентии омор бештари соҳибкорони инфиродии кишвар дар вилояти Суғд сабт шудааст, ки 35,4%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар ба ҳолати 1 апрели соли 2026, 349,7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар кишвар сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, из ин шумор 40,5 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома, 58,7 ҳазор бо патент, 68,1 ҳазор бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 182,4 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 14556 адад ва 4,3% зиёд шудааст.
Аз он ҷумла соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 5,1 ҳазор (8,2%), соҳибкорони инфиродии хоҷагии деҳқонӣ 1,9 ҳазор (1%), соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома 2,5 ҳазор (6,7%), соҳибкорони инфиродии тибқи патент 5,1ҳазор (9,5%), зиёд мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 11470 адад соҳибкори инфиродии навтаъсис бақайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии соҳибкорони бақайдгирифташуда дар моҳҳои январмарти соли ҷорӣ, 6236 адад соҳибкори инфиродӣ қатъи фаъолият кардаст, афзудааст Агентии омор.
Аз он ҷумла 1029 адад соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 2184 адад тибқи патент, 2179 адад тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 844 адад соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ қатъи фаъолият кардаанд.
Тибқи додаҳои Агентии омор бештари соҳибкорони инфиродии кишвар дар вилояти Суғд сабт шудааст, ки 35,4%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Дар ҷои дуюм Хатлон бо 31,9%, зинаи сеюм НТМ бо 17% буда, Душанбе ва ВМКБ бо 13,1% ва 2,6% дар ҷойҳои баъдӣ қарор гирифтанд.