Нархи гӯшт поин меравад? Мақомот аз афзоиши истеҳсоли гӯшту саршумори чорво хабар дод

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПродажа мяса на продуктовом рынке "Фуд Сити" в Москве.
Продажа мяса на продуктовом рынке Фуд Сити в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Обуна шудан
Маҷомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Ба иттилои агентии омори Тоҷикистон дар кишвар истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 беш аз 10% ва саршумори чорво дар кишвар беш аз 11% афзоиш ёфт
Ба иттилои агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ–июни соли 2026 истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бо назардошти гӯшти мурғ, дар ҷумҳурӣ тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, ба беш аз 41 ҳазор тонна расид.
Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 37 ҳазору 227,6 тоннаро ташкил медод, 10,1% ё 3 ҳазору 773 тонна зиёд мебошад.
Тибқи таҳлилҳои Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд гардидани саршумори чорво, густариши истеҳсолоти паррандапарварӣ ва баланд шудани иқтидори корхонаҳои коркарди маҳсулоти гӯштӣ шаҳодат медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Агентии омор то 1 июли соли 2026 саршумори чорвои калони шохдор ба 3 миллиону 97 ҳазору 900 сар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 246 ҳазору 300 сар ё 8,6% зиёд шудааст.
Кожевенное предприятие Дархан Нэхий в Монголии.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Муғулистон тибқи созишнома бо ИИАО мехоҳад гӯшт ва матоъро ба Русияи содир кунад
Ҳамзамон, саршумори гӯсфанду буз 8 миллиону 352 ҳазору 600 сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 875 ҳазору 700 сар ё 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки дар сохтори умумии саршумори чорво саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ назаррас боқӣ мемонад.
Аз шумораи умумии чорвои калони шохдор 94,3% ва аз саршумори умумии гӯсфанду буз 82% ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Хабар дода шудааст, ки афзоиши саршумори чорво дар ҳамаи минтақаҳои асосии кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилояти Суғд саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8%, вилояти Хатлон 8,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,8% ва ВМКБ 4,9% зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0