https://sputnik.tj/20261027/peskov-masala-omodagi-muzokiroti-sejoniba-1081565141.html
Песков масъалаи омодагӣ ба музокироти сеҷонибаро шарҳ дод
Песков масъалаи омодагӣ ба музокироти сеҷонибаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Путин қаблан ба фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф дар бораи омодагии Русия барои барқарор кардани гуфтушунидҳо дар шакли сеҷониба дар Украина хабар дода буд
2026-10-27T18:13+0500
2026-10-27T18:13+0500
2026-10-27T18:13+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
има
муносибат
гурӯҳи сеҷониба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067374183_0:94:3309:1955_1920x0_80_0_0_7d752933a762cbbfcc1bb457d8fbd4a4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Рӯзи мушаххаси музокироти сеҷонибаи нав оид ба ҳалли низоъ дар Украина ҳанӯз муайян нашудааст.Дар ин бора, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт.Президенти Русия Владимир Путин қаблан ба фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф дар бораи омодагии Русия барои барқарор кардани гуфтушунидҳо дар шакли сеҷониба бо Украина дар даҳяки моҳи ноябр хабар дода буд.Ёвари президент Юрий Ушаков гуфт, ки даври нави музокироти сеҷониба оид ба ҳалли низои Украина метавонад моҳи ноябр дар Абу-Даби баргузор шавад.Песков баъдтар изҳор дошт, ки Абу-Даби ҳамчун майдони чунин гуфтушунидҳо баррасӣ мешавад.Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе, 25 октябр ба хабарнигорон гуфт, ки музокироти сеҷониба дар Украина "ба зудӣ" баргузор хоҳад шуд.Ғайр аз ин, Песков ба РИА Новости хабар дод, ки қарор дар бораи иштироки шахсии президенти Русия Владимир Путин дар саммити "бистгонаи бузург" дар ИМА ҳанӯз қабул нашудааст.Котиби давлатии ИМА Марко Рубио қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон Путинро ба саммити "бистгонаи бузург" дар ИМА даъват кардааст. Песков қайд кард, ки Русия барои даъват миннатдор аст ва он коркард карда мешавад.
https://sputnik.tj/20261024/zelenskiy-putin-tramp-shikoyat-1081474060.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067374183_468:0:3199:2048_1920x0_80_0_0_1f1f2b41f2df48541f1d1e99c7015c47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, има, муносибат, гурӯҳи сеҷониба
украина, русия, има, муносибат, гурӯҳи сеҷониба
Песков масъалаи омодагӣ ба музокироти сеҷонибаро шарҳ дод
Путин қаблан ба фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф дар бораи омодагии Русия барои барқарор кардани гуфтушунидҳо дар шакли сеҷониба дар Украина хабар дода буд
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Рӯзи мушаххаси музокироти сеҷонибаи нав оид ба ҳалли низоъ дар Украина ҳанӯз муайян нашудааст.
Дар ин бора, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт.
"Не, ҳанӯз сана нест", - гуфт сухангӯи раҳбари Русия.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан ба фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф дар бораи омодагии Русия барои барқарор кардани гуфтушунидҳо дар шакли сеҷониба бо Украина дар даҳяки моҳи ноябр хабар дода буд.
Ёвари президент Юрий Ушаков гуфт, ки даври нави музокироти сеҷониба оид ба ҳалли низои Украина метавонад моҳи ноябр дар Абу-Даби баргузор шавад.
Песков баъдтар изҳор дошт, ки Абу-Даби ҳамчун майдони чунин гуфтушунидҳо баррасӣ мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе, 25 октябр ба хабарнигорон гуфт, ки музокироти сеҷониба дар Украина "ба зудӣ" баргузор хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, Песков ба РИА Новости хабар дод, ки қарор дар бораи иштироки шахсии президенти Русия Владимир Путин дар саммити "бистгонаи бузург" дар ИМА ҳанӯз қабул нашудааст.
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон Путинро ба саммити "бистгонаи бузург" дар ИМА даъват кардааст. Песков қайд кард, ки Русия барои даъват миннатдор аст ва он коркард карда мешавад.