Оғози сохтмони роҳҳои дусатҳа ва пул дар хиёбони Саъдии Шерозӣ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Председатель Национального собрания Верховного Совета Республики Таджикистан Рустам Эмомали заложили первый камень в основание строительства двухуровневых дорог на проспекте Саади Ширози в Душанбе.
Эмомали Рахмон и Председатель Национального собрания Верховного Совета Республики Таджикистан Рустам Эмомали заложили первый камень в основание строительства двухуровневых дорог на проспекте Саади Ширози в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2026
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон роҳҳои дусатҳа ва пули мошингузари нав пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ сохтмони як эстакадаи нави нақлиётиро дар пойтахт оғоз карданд.

Кишвардор дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар ноҳияи Сино санги асоси лоиҳаи сохтмонӣ барои сохтани гузаргоҳҳо ва пул дар ду марҳиларо гузошт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш додааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш 19 октябр бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ ба сохтмони се роҳи мошингарди чандтабақа ва як пул санги асос гузошта шуд.
Ин се эстакада ва як пул дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд мешаванд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, лоиҳа барои сабук кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, беҳтар намудани ҳаракати нақлиёти транзитӣ ва муосирсозии роҳҳои пойтахт нигаронида шудааст.
Автомобильная развязка в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Аз эстокада то пулҳои нав: Мақомот аз таҷдиди фарогири роҳҳои пойтахт хабар дод
Сохтмони роҳҳои чандтабақа (эстакадаҳо) дар шаҳри Душанбе яке аз самтҳои асосии навсозии инфрасохтори нақлиётии пойтахт ба шумор меравад. Нақшаи умумии рушди шаҳр (Генплан) бунёди қариб 20 эстакадаро то соли 2030 пешбинӣ мекунад.
Қаблан Мақомоти шаҳрдорӣ ва Вазорати нақлиёт эълон дошта буданд, ки ба маблағи 58 миллион доллар аз ҳисоби грантҳои донорҳои байналмилалӣ сохтмони 7 эстакада дар қисматҳои серодами шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Кӯчаҳои Соҳилӣ ва Юнусалӣ (ҳамроҳ бо пули нав дар болои дарёи Душанбе),
Кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров,
Кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров,
Хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ,
Кӯчаи Шерализода ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ,
Кӯчаҳои Назаршоев ва Айнӣ бо хиёбони Саъдии Шерозӣ,
Хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев
Ҳадафи асосии ин сохтмонҳо — бартараф кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт (пробкаҳо), таъмини бехатарии ҳаракат ва муосиргардонии симои пойтахт мебошад.
Лентаи хабарҳо
0