Аз эстокада то пулҳои нав: Мақомот аз таҷдиди фарогири роҳҳои пойтахт хабар дод

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиАвтомобильная развязка в Душанбе.
Автомобильная развязка в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз имзоиқарордод дар бораи бунёди ду иншооти бузург эълон кард
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. То охири соли ҷорӣ сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ахиран дар ин байни Вазорати нақлиёт ва ширкатҳои тоҷикистониву чинӣ, инчунин Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе қарордоди дахлдор ба имзо расид.
Ба иттилои вазорат татбиқи лоиҳа то охири соли 2026 оғоз гардида, дар доираи он корҳои зерин анҷом дода шаванд:
азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули дарёи Душанбе бо шумули як гузаргоҳи 2 сатҳа (эстакада);
азнавсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ (маъмул бо номи "Мостопоезд").
Ҳамчунин вазорат қайд кардааст, ки хиёбони С. Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ ва дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд ва зимни иҷрои корҳои сохтмону таҷдид технологияҳои муосир истифода мегарданд.
Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 км роҳҳои мошингард бунёд гардид
“Мақсади асосии лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани тамбашавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он мебошад”, - таъкид кардааст вазорат.
Сохтмонӣ иншоотҳои мазкур тибқи қарордод дар муҳлати 3 сол аз санаи баимзорасонӣ анҷом меёбанд.
Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки бо мақсади татбиқи лоиҳа дар назди вазорат Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0