https://sputnik.tj/20261026/taboduli-kolo-iiao-uzbekiston-1081494596.html
Табодули коло миёни ИИАО ва Узбекистон аз 11 млрд. доллар гузашт
Табодули коло миёни ИИАО ва Узбекистон аз 11 млрд. доллар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки ИИА ва Узбекистон ҳоло барои бартараф кардани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила кор мекунанд.
2026-10-26T10:41+0500
2026-10-26T10:41+0500
2026-10-26T10:41+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
табодули мол
ҳамкорӣ
узбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075727620_0:146:3072:1874_1920x0_80_0_0_30ad2b8a518b2145516ff1ae32272b46.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Гардиши мол байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Узбекистон дар моҳҳои январ-июли соли равон аз 11 миллиард доллар гузашт.Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО), Узбекистон шарики муҳими тиҷоратии ИИАО аст.Раиси Раёсати ИИАО Бакитҷон Сагинтаев гуфт ки, гардиши мол дар соли 2025 ба 17,4 миллиард доллар расида буд, ки нисбат ба соли 2020 1,8 маротиба зиёд буд.Бо ташаббуси Узбекистон созишномаи байналмилалӣ дар бораи мубодилаи маълумоти гумрукӣ омода мешавад. Ин ҳуҷҷат барои суръат бахшидан ба амалиёти гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофияти ҷараёнҳои тиҷорат ва содда кардани кори иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ шудааст.Сагинтаев афзуд, ки дар айни замон, ҷонибҳо барои бартараф кардани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила кор мекунанд. Вай афзуд, ки нақшаи фаъолиятҳои муштарак барои таҳлили муқоисавии системаҳои танзими техникӣ амалӣ карда мешавад.Вай қайд кард, ки ҳамгироии талаботи ҳатмӣ бояд вуруди молҳоро ба бозорҳои ИИАО ва Узбекистон содда кунад ва хароҷоти тиҷоратро коҳиш диҳад. Ғайр аз ин, ташаббусҳо барои ҳамкорӣ дар саноат ва комплекси агросаноатӣ рушд мекунанд.Самти дигари умедбахш табдили рақамии иқтисодиёт аст. Ин мавзӯъ яке аз авлавиятҳои асосии раёсати Қазоқистон дар мақомоти ИИАО дар соли 2026 мебошад."Мо имкониятҳои хуберо барои густариши муколама дар соҳаҳои мубодилаи электронии маълумот, рақамикунонии интиқоли бор, ҳамгироии хидматрасониҳои рақамӣ ва рушди тиҷорати электронӣ мебинем", - қайд кард Сагинтаев.Имсол татбиқи Нақшаи амали муштарак байни Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Ҳукумати Узбекистон барои солҳои 2024-2026 ба анҷом мерасад. Ҳоло нақшаи нав то соли 2030 таҳия мешавад.Узбекистон соли 2020 мақоми нозирро дар ИИАО гирифт.Ҳамкории байни Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Ҳукумати Узбекистон бар асоси ёддошти соли 2021 сурат мегирад: дар доираи он як гурӯҳи кории муштарак фаъолият мекунад ва нақшаҳои мувофиқашудаи амалӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20261023/ryabkov-pardokhtho-iiao-asorhoi-milli-surat-1081437317.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075727620_23:0:2754:2048_1920x0_80_0_0_7e1fcf93a3d572a32b4e7bb6877202ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, табодули мол, ҳамкорӣ, узбекистон
ииао, авруосиё, иқтисод, табодули мол, ҳамкорӣ, узбекистон
Табодули коло миёни ИИАО ва Узбекистон аз 11 млрд. доллар гузашт
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки ИИА ва Узбекистон ҳоло барои бартараф кардани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила кор мекунанд.
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Гардиши мол байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Узбекистон дар моҳҳои январ-июли соли равон аз 11 миллиард доллар гузашт.
Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО), Узбекистон шарики муҳими тиҷоратии ИИАО аст.
Раиси Раёсати ИИАО Бакитҷон Сагинтаев гуфт ки, гардиши мол дар соли 2025 ба 17,4 миллиард доллар расида буд, ки нисбат ба соли 2020 1,8 маротиба зиёд буд.
Бо ташаббуси Узбекистон созишномаи байналмилалӣ дар бораи мубодилаи маълумоти гумрукӣ омода мешавад. Ин ҳуҷҷат барои суръат бахшидан ба амалиёти гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофияти ҷараёнҳои тиҷорат ва содда кардани кори иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Сагинтаев афзуд, ки дар айни замон, ҷонибҳо барои бартараф кардани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила кор мекунанд. Вай афзуд, ки нақшаи фаъолиятҳои муштарак барои таҳлили муқоисавии системаҳои танзими техникӣ амалӣ карда мешавад.
Вай қайд кард, ки ҳамгироии талаботи ҳатмӣ бояд вуруди молҳоро ба бозорҳои ИИАО ва Узбекистон содда кунад ва хароҷоти тиҷоратро коҳиш диҳад. Ғайр аз ин, ташаббусҳо барои ҳамкорӣ дар саноат ва комплекси агросаноатӣ рушд мекунанд.
Самти дигари умедбахш табдили рақамии иқтисодиёт аст. Ин мавзӯъ яке аз авлавиятҳои асосии раёсати Қазоқистон дар мақомоти ИИАО дар соли 2026 мебошад.
"Мо имкониятҳои хуберо барои густариши муколама дар соҳаҳои мубодилаи электронии маълумот, рақамикунонии интиқоли бор, ҳамгироии хидматрасониҳои рақамӣ ва рушди тиҷорати электронӣ мебинем", - қайд кард Сагинтаев.
Имсол татбиқи Нақшаи амали муштарак байни Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Ҳукумати Узбекистон барои солҳои 2024-2026 ба анҷом мерасад. Ҳоло нақшаи нав то соли 2030 таҳия мешавад.
Узбекистон соли 2020 мақоми нозирро дар ИИАО гирифт.
Ҳамкории байни Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Ҳукумати Узбекистон бар асоси ёддошти соли 2021 сурат мегирад: дар доираи он як гурӯҳи кории муштарак фаъолият мекунад ва нақшаҳои мувофиқашудаи амалӣ мекунад.