https://sputnik.tj/20261023/ryabkov-pardokhtho-iiao-asorhoi-milli-surat-1081437317.html
Рябков: беш аз 90% пардохтҳо дар ҳудуди ИИАО бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
Рябков: беш аз 90% пардохтҳо дар ҳудуди ИИАО бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири хориҷаи Русия ахиран эълон кард, ки дар ҳудуди ИИАО аллакай қисми назарраси ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ сурат мегиранд
2026-10-23T11:41+0500
2026-10-23T11:41+0500
2026-10-23T11:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
тиҷорат
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1f01848beac926686cd6b8bff469dc53.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бештар аз 90%-ро ташкил медиҳад.Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар Форуми иқтисодии Нижний Новгород хабар дод."Мо бо шарикони худ бар эҷоди низоми нави пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ ва муттаҳид кардани системаҳои миллии интиқоли иттилооти молиявӣ кор дорем", - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки кишварҳои узви ИИАО аллакай қисми назарраси ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо ба асъори миллӣ анҷом медиҳанд.Ба гуфтаи дипломати рус, айни замон созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Ветнам, Сербия, Эрон, Муғулистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб амал мекунад."Санади монанд бо Индонезия имзо шудааст ва ба зудӣ эътибор пайдо мекунад. Созишномаи бо Чин амалӣ мешавад. Музокирот дар бораи параметрҳои либерализатсияи тиҷорат бо Ҳиндустон идома дорад. Қарор дар бораи оғози музокироти мувофиқ бо Тунис қабул шудааст. Имконияти ҳамин гуна равобит бо Покистон ва Урдун омӯхта мешавад", - афзуд Рябков.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20261022/vaziron-energetikai-iiao-bozorhoi-energetiki-1081405469.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a5c60cb3850b3d1a24b79ac436dfc73c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод, молия
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод, молия
Рябков: беш аз 90% пардохтҳо дар ҳудуди ИИАО бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
Муовини вазири хориҷаи Русия ахиран эълон кард, ки дар ҳудуди ИИАО аллакай қисми назарраси ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бештар аз 90%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар Форуми иқтисодии Нижний Новгород хабар дод.
"Мо бо шарикони худ бар эҷоди низоми нави пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ ва муттаҳид кардани системаҳои миллии интиқоли иттилооти молиявӣ кор дорем", - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки кишварҳои узви ИИАО аллакай қисми назарраси ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо ба асъори миллӣ анҷом медиҳанд.
“Ин корро идома медиҳем. Дар доираи ИИАО, саҳми асъори миллӣ дар хизматрасонӣ ва тиҷорат бештар аз 90% аст", - гуфт Рябков.
Ба гуфтаи дипломати рус, айни замон созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Ветнам, Сербия, Эрон, Муғулистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб амал мекунад.
"Санади монанд бо Индонезия имзо шудааст ва ба зудӣ эътибор пайдо мекунад. Созишномаи бо Чин амалӣ мешавад. Музокирот дар бораи параметрҳои либерализатсияи тиҷорат бо Ҳиндустон идома дорад. Қарор дар бораи оғози музокироти мувофиқ бо Тунис қабул шудааст. Имконияти ҳамин гуна равобит бо Покистон ва Урдун омӯхта мешавад", - афзуд Рябков.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.