https://sputnik.tj/20261026/raisi-khatlon-sohibkoron-korkardi-nakhi-pakhta-sarmoyaguzori-1081519424.html
Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорон хост, ки ба коркарди нахи пахта сармоягузорӣ кунанд
Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорон хост, ки ба коркарди нахи пахта сармоягузорӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси виояти Хатлон таъкид кард. Ки нахи пахта агар дар дохили кишвар коркард шавад, метавонад ба соҳибкорон ду баробар бештар даромад биёрад
2026-10-26T14:51+0500
2026-10-26T14:51+0500
2026-10-26T14:51+0500
дар тоҷикистон
хатлон
пахта
коркард
кишоварзӣ
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081145770_0:4:1344:760_1920x0_80_0_0_c798d445f62aedb8687aad6bf6a2ce8f.png
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даъват кард, ки ба коркарди нахи пахта дар ин минтақа сармоягузорӣ кунанд.Вай дар ин бора ахиран дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Хатлон инвест-2026”, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд юа1н доштааст.Вай гуфт, ки қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар Хатлон ба хориҷ ҳамчун ашёи хом содирот мешавад, дар ҳоле ки коркарди он дар дохили кишвар метавонад даромади иловагӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ фароҳам оварад.Вай аз соҳибкорону сармоягузорон даъват кард, ки имкониятҳои мавҷударо дар ин самт баррасӣ карда, барои роҳандозии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Хатлон саҳм гузоранд.Мувофиқи маълумоти фаврӣ, то 9-уми октябр дар ҷумҳурӣ 173,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 43,9 дарсади нақшаи солона баробар аст.Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта 268,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.Шоҳрух Ҷумазода, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, сабаби асосии қафомонӣ дар ҷамъоварии пахтаро дар дертар гузарондани кишти пахта вобаста ба номусоидии обу ҳаво арзёбӣ мекунад.Ба маълумоти кишоварзон, корхонаҳои коркарди аввалияи пахта ҳоло маҳсулоти хоҷагиҳоро тақрибан бо нархи 5-5,2 сомонӣ барои як килограмм қабул мекунанд.Шоҳрух Ҷумазода изҳор дошт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши аслии истеҳсоли як килограмм пахта, бо назардошти ҳосилнокии 23,9 сентнер аз як гектар, 13,84 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20261025/khatlon-sodirot-voridoti-mahsulot-belorus-afzoish-1081494296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081145770_149:0:1344:896_1920x0_80_0_0_606a687f668031d71bb8fe268abeb6aa.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, пахта, коркард, кишоварзӣ, давлаталӣ саид
дар тоҷикистон, хатлон, пахта, коркард, кишоварзӣ, давлаталӣ саид
Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорон хост, ки ба коркарди нахи пахта сармоягузорӣ кунанд
Раиси виояти Хатлон таъкид кард. Ки нахи пахта агар дар дохили кишвар коркард шавад, метавонад ба соҳибкорон ду баробар бештар даромад биёрад
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даъват кард, ки ба коркарди нахи пахта дар ин минтақа сармоягузорӣ кунанд.
Вай дар ин бора ахиран дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Хатлон инвест-2026”, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд юа1н доштааст.
Вай гуфт, ки қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар Хатлон ба хориҷ ҳамчун ашёи хом содирот мешавад, дар ҳоле ки коркарди он дар дохили кишвар метавонад даромади иловагӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ фароҳам оварад.
“Коркарди амиқи пахта, аз ҷумла истеҳсоли ришта, матоъ ва маҳсулоти нассоҷӣ, метавонад барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ замина гузорад”, - гуфт ӯ.
Вай аз соҳибкорону сармоягузорон даъват кард, ки имкониятҳои мавҷударо дар ин самт баррасӣ карда, барои роҳандозии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Хатлон саҳм гузоранд.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, то 9-уми октябр дар ҷумҳурӣ 173,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 43,9 дарсади нақшаи солона баробар аст.
Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта 268,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.
Шоҳрух Ҷумазода, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, сабаби асосии қафомонӣ дар ҷамъоварии пахтаро дар дертар гузарондани кишти пахта вобаста ба номусоидии обу ҳаво арзёбӣ мекунад.
“ Имсол кишти пахта тақрибан 20 рӯз дертар, аввали моҳи апрел, гузаронда шуд. Бо ҳамин сабаб, чиниш низ дертар, 24-уми август, оғоз ёфт”, – иброз дошт ӯ.
Ба маълумоти кишоварзон, корхонаҳои коркарди аввалияи пахта ҳоло маҳсулоти хоҷагиҳоро тақрибан бо нархи 5-5,2 сомонӣ барои як килограмм қабул мекунанд.
Шоҳрух Ҷумазода изҳор дошт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши аслии истеҳсоли як килограмм пахта, бо назардошти ҳосилнокии 23,9 сентнер аз як гектар, 13,84 сомониро ташкил медиҳад.