https://sputnik.tj/20261025/khatlon-sodirot-voridoti-mahsulot-belorus-afzoish-1081494296.html
Хатлон содироту воридоти маҳсулоташро бо Белорус афзоиш медиҳад
Хатлон содироту воридоти маҳсулоташро бо Белорус афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон бо сафири беларус масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ кард
2026-10-25T17:36+0500
2026-10-25T17:36+0500
2026-10-25T17:36+0500
дар тоҷикистон
хатлон
белорус
ҳамкорӣ
тиҷорат
содирот
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/19/1081494120_111:325:1947:1358_1920x0_80_0_0_bb94a9110dc0d1a928590cbb2befe7c5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ахиран бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Александр Худолеев масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ кард.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин дидор таъкид кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар заминаи дӯстии анъанавӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод рушд ёфта, вилояти Хатлон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони беларусӣ манфиатдор аст.Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷриба ва ҳамкории мутахассисон, густариши содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир қарор гирифтанд.Ҳамчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои коркарду содироти меваҳои хушк, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рушди соҳаи сохтмон баррасӣ шуданд.Сафири Беларус Александр Худолеев омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо вилояти Хатлон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, меваҳои хушк, сохтмон ва таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ баён кард.Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақими соҳибкорон, барқарор намудани ҳамкориҳои амалӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи ташаббусҳои муштаракро муҳокима намуданд.Дар ин замина, ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар аҳамияти хосса дода шуд.Раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад бо Белорус метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи содирот, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Хатлон мусоидат намояд.
https://sputnik.tj/20261023/khatlon-viloyati-penzai-rusiya-robitahoi-iqtisodi-gumanitari-1081463614.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/19/1081494120_278:207:1807:1354_1920x0_80_0_0_2db2cda4cfe2e386a874845ffc17782b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, белорус, ҳамкорӣ, тиҷорат, содирот, воридот, иқтисод
дар тоҷикистон, хатлон, белорус, ҳамкорӣ, тиҷорат, содирот, воридот, иқтисод
Хатлон содироту воридоти маҳсулоташро бо Белорус афзоиш медиҳад
Раиси вилояти Хатлон бо сафири беларус масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ахиран бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Александр Худолеев масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин дидор таъкид кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар заминаи дӯстии анъанавӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод рушд ёфта, вилояти Хатлон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони беларусӣ манфиатдор аст.
Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷриба ва ҳамкории мутахассисон, густариши содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои коркарду содироти меваҳои хушк, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рушди соҳаи сохтмон баррасӣ шуданд.
Сафири Беларус Александр Худолеев омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо вилояти Хатлон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, меваҳои хушк, сохтмон ва таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ баён кард.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақими соҳибкорон, барқарор намудани ҳамкориҳои амалӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи ташаббусҳои муштаракро муҳокима намуданд.
Дар ин замина, ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар аҳамияти хосса дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад бо Белорус метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи содирот, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Хатлон мусоидат намояд.