Раҳмон раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзодаро аз вазифааш бозхонд кард

© Sputnik / Стас ЭтвешГлава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои дигари давлатӣ тағйроти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Бахиёр Худоёрзодаро аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуот, президенти кишвар ба вазифаи раиси КМИР ба ҷойи Худоёрзода номзадии Зариф Ализодаро пешниҳод кардааст.
Ҳамзамон Хадамот хабар додааст, ки муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Қодирзода Абдуҷаббор низ бозхонд шудааст.
Инчунин аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколаташон бозхонд шуданд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури кишвар Саидзода Ҷамшед ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аъзоёни КМИР Назарализода Дилафруз, Маъмурзода Адҳам, Раҷабзода Зайнура, Самадзода Навруз, Хидирзода Махфират -таъйин намудааст.
Женщины - руководители в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Раҳмон: Шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида
Пешниҳодҳои кишвардори Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардидаанд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур бо фармони Президент Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомот оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0