Раҳмон: Шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида

© Foto / Пресс-служба Хатлонской областиЖенщины - руководители в Хатлонской области
Женщины - руководители в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки рушди соҳибкории занон ва ҷавонон барои истифодаи пурраи неруи инсонии кишвар аҳаммияти калон дорад
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар гуфт, ки ҳоло шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28% субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Вай гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба занони соҳибкор 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29% зиёд мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш изҳори боварӣ кард, ки соҳибкорон минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ, фаъолияти шаффоф, ташаббусҳои нав ва муносибати масъулона дар татбиқи лоиҳаҳои бузург ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти кишвар гуфта буд, ки ҳаҷми маблағгузории грантҳои Президенти Тоҷикистон барои занони соҳибкор ва ҳунарманд 3 баробар зиёд карда шуда, ба 15 миллион сомонӣ (барои 200 лоиҳа) расонида шуд, ки ин ба бонувон имкони оғози тиҷорати шахсиро медиҳад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист
Танҳо дар давоми даҳ соли охир (2015–2024) аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар барои дастгирии соҳибкории занон 27 миллиард сомонӣ қарз ҷудо гардидааст.
Кишвар "Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2027"-ро амалӣ карда, инчунин ба ташаббуси ҷаҳонии "Кодекси маблағгузории занони соҳибкор" (WE Finance Code) пайвастааст, ки дастрасии бонувонро ба сармоя боз ҳам осонтар мекунад.
Афзоиши фаъолияти иқтисодии занон на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои духтарону бонувони деҳот кӯмак мекунад, балки саҳми онҳоро дар рушди умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон устувор мегардонад.
Лентаи хабарҳо
0