https://sputnik.tj/20260915/istehsol-mahsulot-kishovarzi-khatlon-mlrd-somoni-rasid-1080428477.html
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон қариб ба 2 млрд сомонӣ расид
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон қариб ба 2 млрд сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулин супориш додааст, ки суръати ҷамъоварии ҳамарӯзаи пахтаро ба на кам аз 2 банди фоизӣ расонанд
2026-09-15T10:50+0500
2026-09-15T10:50+0500
2026-09-15T11:15+0500
дар тоҷикистон
хатлон
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/11/1030061110_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ba081652bed9ee8300b2dfe2be82d070.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сент - Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон зарфи ҳашт моҳи гузашта ба 1,9 млрд сомонӣ расидааст.Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид, зимни як ҷаласае бо ҳузури раҳбарони навоҳии минтақа изҳор дошта гуфтааст, ки ин то аввали сентябр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 банди фоизӣ афзоиш ёфт. Ӯ ҳамазмон таъкид кардааст, ки дар масъалаҳои истеҳсол ва ҷамъоварии ғалладона, гандум, картошка, сабзавот, полезӣ, меваҷот, тухм, асал, моҳӣ ва хӯроки чорво камбудиҳо ҷой доранд ва дастур додааст, ки он то ҷамъбасти 9 моҳи соли 2026 бартараф шавад.Раиси вилоят таъкиди асосиро сари ҷамъоварии ҳарчи зуддатри ҳосили пахта кардааст."Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа супориш дода шуд, ки тамоми қувва, восита ва имкониятҳои мавҷударо, аз ҷумла бо ташкили ҳашари дастаҷамъона, барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта сафарбар намуда, суръати ҷамъоварии ҳамарӯзаро ба на кам аз 2 банди фоизӣ расонанд",- афзудааст манбаъ.Дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки то 10 сентябри соли 2026 аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 50,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки 77 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Оқои Саид масъулинро вазифадор кардааст, ки барои афзоиши ҳаҷми содирот ва иҷрои пурраи дурнамо чораҳои зарурӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20260820/vazorati-kishovarz-khudtaminkuni-tojikiston-mahsuloti-ghizoi-1079786333.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/11/1030061110_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_902ddac0918d9e038fd2453f4bde17d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулот, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулот, кишоварзӣ
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон қариб ба 2 млрд сомонӣ расид
10:50 15.09.2026 (Навсозишуда: 11:15 15.09.2026) Раиси Хатлон роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулин супориш додааст, ки суръати ҷамъоварии ҳамарӯзаи пахтаро ба на кам аз 2 банди фоизӣ расонанд
ДУШАНБЕ, 15 сент - Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон зарфи ҳашт моҳи гузашта ба 1,9 млрд сомонӣ расидааст.
Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид, зимни як ҷаласае бо ҳузури раҳбарони навоҳии минтақа изҳор дошта гуфтааст, ки ин то аввали сентябр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 банди фоизӣ афзоиш ёфт.
Ӯ ҳамазмон таъкид кардааст, ки дар масъалаҳои истеҳсол ва ҷамъоварии ғалладона, гандум, картошка, сабзавот, полезӣ, меваҷот, тухм, асал, моҳӣ ва хӯроки чорво камбудиҳо ҷой доранд ва дастур додааст, ки он то ҷамъбасти 9 моҳи соли 2026 бартараф шавад.
Раиси вилоят таъкиди асосиро сари ҷамъоварии ҳарчи зуддатри ҳосили пахта кардааст.
"Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа супориш дода шуд, ки тамоми қувва, восита ва имкониятҳои мавҷударо, аз ҷумла бо ташкили ҳашари дастаҷамъона, барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта сафарбар намуда, суръати ҷамъоварии ҳамарӯзаро ба на кам аз 2 банди фоизӣ расонанд",- афзудааст манбаъ.
Дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки то 10 сентябри соли 2026 аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 50,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки 77 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Оқои Саид масъулинро вазифадор кардааст, ки барои афзоиши ҳаҷми содирот ва иҷрои пурраи дурнамо чораҳои зарурӣ андешанд.