Белорус мехоҳад ба корхонаҳои худ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҷалб намояд

© Sputnik / Пелагия ТихоноваРаботы по благоустройству территории усадьбы Виноградово в Москве.
Работы по благоустройству территории усадьбы Виноградово в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо зиёда аз 10 ширкатҳо белорусӣ шартномаҳои ҳамкорӣ барои ҷалби муташакили муҳоҷирони меҳнатӣ бастааст
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон ба вилояти Гроднои Беларус бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, директори Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" Раҷабов Ҷумъа ва дигар шахсони расмӣ дар барои имзои Шартномаҳо ба вилояти Гроднои Беларус сафар намуданд.
Зимни сафар бо намояндагони Ҳукумати вилояти Гродно вохӯрӣ гузаронида, масъалаҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар самтҳои гуногун аз ҷумла сохтмон, хоҷагии қишлоқ, насоҷӣ, истеҳсолот, саноати вазнин, хизматрасонӣ ва нақлиёт бо зиёда аз 10 ширкатҳо гуфтушунид ва шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд.
Ба иттилои манбаъ мақомоти Тоҷикистон бо корхонаҳои "Гронитекс", "Белкард", "Агрокомбинат", "Гроднопромстрой", "Гроднооблавтотранс", УП "ЦВЕТЛИТ", "Автобусныйпаркг, "Птицафабрика Гродно", "Фермерская хозяйство" ва "Гродненский Сад" шартнома бастааст.
Александр Худолеев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Сафири Белорус аз афзоиши 30 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон хабар дод
Ширкатҳои белорусӣ ба муҳоҷирони тоҷик то 1200 доллар маош ваъда бо таъмини ҷои хоб, қисман хурока, сару либоси корӣ аз ҷониби корфармо ваъда доданд.
Талаботи асосии корфармоёни белорусӣ донистани забони русӣ, надоштани доғи судӣ ва вазъи хуби саломатӣ мебошад.
Муҳоҷирати корӣ ба Ҷумҳурии Беларус барои шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қонунгузории милии ин кишвар ва созишномаҳои дуҷониба танзим мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси шаҳрвандони кишварҳои хориҷии берун аз Иқтисодии Авроосиё (ЕАЭС — ба фарқ аз Русия, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон) барои кор дар Беларус ба расмиятшиносии иловагӣ ниёз доранд.
Барои кор кардан дар Беларус ба шаҳрванди хориҷӣ иҷозати махсус лозим аст, ки онро мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ дархост мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0