https://sputnik.tj/20261025/tojikiston-afzoishi-hajmi-borkashoni-1081493738.html
Тоҷикистон аз афзоиши назарраси ҳаҷми боркашонӣ хабар дод
Тоҷикистон аз афзоиши назарраси ҳаҷми боркашонӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикитон, ҳаҷми боркашонӣ дар кишвар дар нуҳ моҳи соли равон беш аз 15% афзоиш ёфт
2026-10-25T15:36+0500
2026-10-25T15:36+0500
2026-10-25T15:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нақлиёт
боркашонӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/14/1081374510_191:494:2874:2003_1920x0_80_0_0_7a14bca07e839066f0528bda0be111b0.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Ба иттилои омори расмӣ дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 132 миллиону 899 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6% зиёд мебошад.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ ин нишондиҳанда аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва нақши муҳимми соҳаи нақлиёт дар таъмини гардиши молу маҳсулот ва фаъолияти иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад.Қайд карда шудааст, ки нақлиёти автомобилӣ дар сохтори боркашонӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ин намуди нақлиёт 126 миллиону 957,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки 95,5% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2025 ба андозаи 16% афзоиш ёфтааст.Қайд карда шудааст, ки ҳиссаи назарраси нақлиёти автомобилӣ дар сохтори умумии боркашонӣ аҳаммияти ин намуди нақлиётро дар интиқоли маҳсулот, таъминоти бозорҳо ва пайваст намудани марказҳои истеҳсолӣ бо минтақаҳои истеъмолӣ нишон медиҳад.Дар тақсимоти минтақавӣ вилояти Хатлон аз рӯйи ҳаҷми боркашонӣ пешсаф аст. Дар ин минтақа дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 50 миллиону 387,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда 39,7% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.Дар вилояти Суғд ҳаҷми боркашонӣ 39 миллиону 744,3 ҳазор тонна ё 31,3%- ро ташкил додааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 миллиону 444,8 ҳазор тонна (14,5%), дар шаҳри Душанбе 17 миллиону 130,2 ҳазор тонна (13,5%) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 миллиону 251,4 ҳазор тонна (1%) бор интиқол дода шудааст.Қисми асосии боркашонӣ ба вилояти Хатлон ва вилояти Суғд рост меояд.Дар маҷмуъ, ҳиссаи ин ду минтақа тибқи нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда 71% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.Ин ҳолат мавқеи назарраси онҳоро дар сохтори боркашонии кишвар инъикос мекунад.Дар баробари нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти роҳи оҳан низ дар интиқоли бор нақши муҳим дорад.Дар давраи ҳисоботӣ ба иттилои агентии омор бо ин намуди нақлиёт, бо назардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ, 5 миллиону 941,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 % зиёд мебошад.Дар маҷмуъ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 аз тамоюли мусбати фаъолияти ин соҳа дарак медиҳад.
https://sputnik.tj/20261016/tavofuqi-tojikiston-qazoqiston-afzoish-hamlu-naql-bor-rohi-ohan-1081245623.html
https://sputnik.tj/20251120/hajm-borkashoni-tojikiston-1073119981.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/14/1081374510_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_4c56a6157e0f3fc4652126d61c5a043c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, нақлиёт, боркашонӣ, омор
дар тоҷикистон, иқтисод, нақлиёт, боркашонӣ, омор
Тоҷикистон аз афзоиши назарраси ҳаҷми боркашонӣ хабар дод
Ба иттилои мақомоти Тоҷикитон, ҳаҷми боркашонӣ дар кишвар дар нуҳ моҳи соли равон беш аз 15% афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Ба иттилои омори расмӣ дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 132 миллиону 899 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6% зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ ин нишондиҳанда аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва нақши муҳимми соҳаи нақлиёт дар таъмини гардиши молу маҳсулот ва фаъолияти иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки нақлиёти автомобилӣ дар сохтори боркашонӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ин намуди нақлиёт 126 миллиону 957,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки 95,5% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2025 ба андозаи 16% афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳиссаи назарраси нақлиёти автомобилӣ дар сохтори умумии боркашонӣ аҳаммияти ин намуди нақлиётро дар интиқоли маҳсулот, таъминоти бозорҳо ва пайваст намудани марказҳои истеҳсолӣ бо минтақаҳои истеъмолӣ нишон медиҳад.
Дар тақсимоти минтақавӣ вилояти Хатлон аз рӯйи ҳаҷми боркашонӣ пешсаф аст. Дар ин минтақа дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 50 миллиону 387,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда 39,7% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд ҳаҷми боркашонӣ 39 миллиону 744,3 ҳазор тонна ё 31,3%- ро ташкил додааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 миллиону 444,8 ҳазор тонна (14,5%), дар шаҳри Душанбе 17 миллиону 130,2 ҳазор тонна (13,5%) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 миллиону 251,4 ҳазор тонна (1%) бор интиқол дода шудааст.
Қисми асосии боркашонӣ ба вилояти Хатлон ва вилояти Суғд рост меояд.
Дар маҷмуъ, ҳиссаи ин ду минтақа тибқи нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда 71% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Ин ҳолат мавқеи назарраси онҳоро дар сохтори боркашонии кишвар инъикос мекунад.
Дар баробари нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти роҳи оҳан низ дар интиқоли бор нақши муҳим дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба иттилои агентии омор бо ин намуди нақлиёт, бо назардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ, 5 миллиону 941,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 % зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 аз тамоюли мусбати фаъолияти ин соҳа дарак медиҳад.