https://sputnik.tj/20261016/tavofuqi-tojikiston-qazoqiston-afzoish-hamlu-naql-bor-rohi-ohan-1081245623.html
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи афзоиши ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи афзоиши ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қазоқистон боркашониро тавассути роҳи оҳан ба маротиб афзоиш хоҳанд дод
2026-10-16T10:41+0500
2026-10-16T10:41+0500
2026-10-16T10:41+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
роҳи оҳан
ҳамлу нақли бор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0f/1081245388_123:56:1166:642_1920x0_80_0_0_725aae2b6b469575fc12d9665cb79430.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бар тақвияти ҳамкориҳои мутақобил дар бахши роҳи оҳан ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба тавофуқ расиданд.Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳад.Протоколи дахлдор пас аз мулоқоти Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Элҷас Отиншиев, раиси Раёсати ҶСК Роҳи оҳани Қазоқистонба имзо расид.Ин мулоқот дар ҳошияи форуми тиҷоратии Роҳи нави абрешим дар Остона баргузор шуд.Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода низ дар ин дидору гуфтугӯ иштирок доштааст.Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи логистикиро баррасӣ намуданд.Қайд карда шудааст, ки протоколи имзошуда ба тақвияти ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан мусоидат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки ҳаҷҷми умумии боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2025 ба 2,6 миллион тонна расид, ки ин нисбат ба соли 2024 (2,42 млн тонна) 7,6% зиёдтар аст.
https://sputnik.tj/20260526/tojikiston-uzbekiston-qazoqiston-rejai-kori-obanbor-bahri-tojik-1077826166.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0f/1081245388_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_317ea47711ae92cbaf896fcea876bcb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, роҳи оҳан, ҳамлу нақли бор, иқтисод
дар тоҷикистон, қазоқистон, роҳи оҳан, ҳамлу нақли бор, иқтисод
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи афзоиши ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан
Тоҷикистону Қазоқистон боркашониро тавассути роҳи оҳан ба маротиб афзоиш хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бар тақвияти ҳамкориҳои мутақобил дар бахши роҳи оҳан ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба тавофуқ расиданд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳад.
Протоколи дахлдор пас аз мулоқоти Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Элҷас Отиншиев, раиси Раёсати ҶСК Роҳи оҳани Қазоқистонба имзо расид.
Ин мулоқот дар ҳошияи форуми тиҷоратии Роҳи нави абрешим дар Остона баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода низ дар ин дидору гуфтугӯ иштирок доштааст.
Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи логистикиро баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки протоколи имзошуда ба тақвияти ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷҷми умумии боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2025 ба 2,6 миллион тонна расид, ки ин нисбат ба соли 2024 (2,42 млн тонна) 7,6% зиёдтар аст.