Хатлон бо вилояти Пензаи Русия робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитариашро густариш медиҳад

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиГлава Хатлонской области Давлатали Саид встретился с заместителем председателя Законодательного собрания Пензенской области Сергеем Мельниковым.
Глава Хатлонской области Давлатали Саид встретился с заместителем председателя Законодательного собрания Пензенской области Сергеем Мельниковым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кард, ки бо вилояти Пензаи Русия ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷоратию иқтисодиашро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Кумитаи иҷроияи минтақавии шуъбаи минтақавии ҳизби "Русияи воҳид" дар вилояти Пенза, муовини раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Пензаи Русия Сергей Мелников дидору мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлдон хабар додааст.
Тавре хабар дода шудааст, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ карданд.
Ба иттилои мақомоти вилоят дар мулоқот тарафҳо ба истеҳсол, коркард ва бастабандии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷониби Русия ин иқдомро муҳим арзёбӣ карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ дар ин самт изҳори умедворӣ кардааст.
Раиси вилоят дар ин дидор таъкид намудааст, ки густариши ҳамкориҳои судманд метавонад ба зиёд гардидани шумораи корхонаҳо ва афзоиши иқтидори истеҳсолии вилоят мусоидат намояд.
Давлаталӣ Саид афзуд, ки Тоҷикистону Русияро муносибатҳои анъанавии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва гуфтугӯи созанда асос ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи минтақавӣ низ ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.
Сельскохозяйственная продукция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2025
Содироти беш аз 220 тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба се кишвари ИДМ
Қайд карда шуд, ки вилояти Хатлон ҳамкориҳои байниминтақавиро бо як қатор субъектҳои Русия фаъолона рушд дода, бо вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, онҳоро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон қайд када шуд, ки соли ҷорӣ байни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Русия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ду минтақа заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, табодули таҷриба дар бахши агросаноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0