Афзоши 10 дарсадии мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАвтобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане.
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон афзоиши мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аҳаммияти ин намуди нақлиётро дар низоми хизматрасонии нақлиётии кишвар нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 қариб 10 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ давоми нуҳ моҳ бо ҳамаи намуди нақлиёт дар Тоҷикистон 914 миллиону 95,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,9 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Агентии омор ин афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои нақлиётӣ, нақши муҳими соҳаро дар таъмини ҳаракати аҳолӣ нишон медиҳад.
Қайд карда шудапаст, ки нақлиёти хушкигард дар сохтори мусофиркашонии кишвар мавқеи асосиро ишғол менамояд.
“Ҳиссаи ин намуди нақлиёт 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нақши калидии нақлиёти хушкигардро дар таъмини рафтуомади ҳаррӯзаи аҳолӣ ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногун инъикос мекунад”, - зикр кардааст манбаъ.
Электробусы в Душанбе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
Аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% зиёд карда мешавад
Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла нақлиёти вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, 896 миллиону 640,1 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 10% афзоиш ёфтааст.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки афзоиши мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аҳаммияти ин намуди нақлиётро дар низоми хизматрасонии нақлиётии кишвар нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0