Аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% зиёд карда мешавад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиЭлектробусы в Душанбе. Иллюстративное фото
Электробусы в Душанбе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе ин тасмимро ба хотири он гирифтааст, ки дар соли нави таҳсил теъдоди мусофирон дар шаҳр ба таври назаррас зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Душанбе аз 1 сентябри соли ҷорӣ шумораи нақлиети ҷамъиятӣ – автобусҳо, троллейбусҳо ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) — 360 адад ё 20% зиед карда мешавад.
Дар ин бора муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаклиётхадамотрасон" иттилдоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин қарор ҳар сол дар арафаи соли нави таҳсил қабул карда мешавад, зеро шумораи мусофирон аз ҳисоби хонандагон ва донишҷӯен меафзояд.
Муассиса хабар додааст, ки бо оғози соли нави таҳсил шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои пойтахт ба нишондиҳандаҳои зерин зиёд карда мешавад:
410 автобус ва троллейбус ба ҷои 350 адад;
1200 микроавтобус (маршрутка) ба ҷои 900 адади ҳозира.
Дар муассиса хабар доданд, ки микроавтобусҳои нав ба хатсайрҳои дорои теъдоди зиёди мусофирон хизмат мерасонанд.
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Ҷазои беш 6 ҳазор ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Суғд
Дар назар аст, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳр кофӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, дар корхона зикр кардаанд, ки агар ин тадбирҳо барои хизматрасонии муосир ва бароҳати сокинни шаҳр кофӣ нашавад, дар мавриди боз ҳам зиёд кардани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0