https://sputnik.tj/20261024/viloyati-penzai-rusiya-tojikiston-mahsulot-sodir-1081467356.html
Вилояти Пензаи Русия ба Тоҷикистон наздик ба 1 млрд рубл маҳсулот содир кардааст
Вилояти Пензаи Русия ба Тоҷикистон наздик ба 1 млрд рубл маҳсулот содир кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷ соли охир содироти вилояти Пенза ба Тоҷикистон 1,3 маротиба афзоиш ёфтаааст
2026-10-24T10:21+0500
2026-10-24T10:21+0500
2026-10-24T10:21+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
хатлон
содирот
пенза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081467833_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_006ef391030c1b3b0cc8b1ea033bfa1e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт - Sputnik. Ҳайати вилояти Пенза дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест 2026", ки дар Бохтари Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок кард.Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Пензаи Русия хабар додаст.Дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Чин, Эрон, Туркия, Қазоқистон ва Узбекистон, ширкат варзиданд.Муовини раиси ҳукумати вилояти Пенза, Роман Калентев дар форум қайд кард, ки ин ҳамоиш дурнамои наверо барои ҳамкории тиҷоратӣ ва саноатӣ, робитаҳои башардӯстона ва афзоиши гардиши мол бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон боз мекнад.Вай гуфт, Тоҷикистон айни замон дар байни даҳ шарики хориҷии беҳтарини минтақаи Сурск қарор дорад.“Дар панҷ соли охир содироти Пенза ба ҷумҳурӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, ба 1 миллиард рубл наздик шудааст ва саҳми кишвар дар содироти умумии минтақа қариб ду баробар афзудааст”, - гуфт оқои Калентев.Вай таъкид кард, ки истеҳсолкунандагони Пенза ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, қаннодӣ, равған ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.Илова бар ин аз ин минтақаи Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, таҷҳизот, асбобҳои рӯзгор, чӯб ва мебелро одир мешавад.Таъкид гардид, ки тиҷорати муқобил низ дар ҳоли рушд қарор дорад: аз соли 2025 инҷониб, вилояти Пенза бори аввал маҳсулоти трикотажии Тоҷикистонро ворид мекунад.Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 сармоягузор дар Форуми "Хатлон инвест – 2026" дар шаҳри Бохтар ҷамъ омаданд.Дар шаҳри Бохтар 22 октябри соли 2026 Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон инвест – 2026" баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20261023/khatlon-viloyati-penzai-rusiya-robitahoi-iqtisodi-gumanitari-1081463614.html
русия
пенза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081467833_103:0:2834:2048_1920x0_80_0_0_cd18de1abbaf599d33bccc2199f11ab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, тиҷорат, хатлон, содирот, пенза
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, тиҷорат, хатлон, содирот, пенза
Вилояти Пензаи Русия ба Тоҷикистон наздик ба 1 млрд рубл маҳсулот содир кардааст
Дар панҷ соли охир содироти вилояти Пенза ба Тоҷикистон 1,3 маротиба афзоиш ёфтаааст
ДУШАНБЕ, 24 окт - Sputnik. Ҳайати вилояти Пенза дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест 2026", ки дар Бохтари Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Пензаи Русия хабар додаст.
Дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Чин, Эрон, Туркия, Қазоқистон ва Узбекистон, ширкат варзиданд.
Муовини раиси ҳукумати вилояти Пенза, Роман Калентев дар форум қайд кард, ки ин ҳамоиш дурнамои наверо барои ҳамкории тиҷоратӣ ва саноатӣ, робитаҳои башардӯстона ва афзоиши гардиши мол бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон боз мекнад.
Вай гуфт, Тоҷикистон айни замон дар байни даҳ шарики хориҷии беҳтарини минтақаи Сурск қарор дорад.
“Дар панҷ соли охир содироти Пенза ба ҷумҳурӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, ба 1 миллиард рубл наздик шудааст ва саҳми кишвар дар содироти умумии минтақа қариб ду баробар афзудааст”, - гуфт оқои Калентев.
Вай таъкид кард, ки истеҳсолкунандагони Пенза ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, қаннодӣ, равған ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Илова бар ин аз ин минтақаи Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, таҷҳизот, асбобҳои рӯзгор, чӯб ва мебелро одир мешавад.
Таъкид гардид, ки тиҷорати муқобил низ дар ҳоли рушд қарор дорад: аз соли 2025 инҷониб, вилояти Пенза бори аввал маҳсулоти трикотажии Тоҷикистонро ворид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 сармоягузор дар Форуми "Хатлон инвест – 2026" дар шаҳри Бохтар ҷамъ омаданд.
Дар шаҳри Бохтар 22 октябри соли 2026 Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон инвест – 2026" баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.