Мақомоти Суғд: аз 1 сентябр музди меҳнат то 25% баланд мешавад

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки захираҳои дохилии молии вилоят имкон медиҳад марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнатро пурра таъмин намоянд
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Анвар Мирзозода сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки шурӯъ аз моҳи сентябр музди маоши кормандони соҳаи буҷет 20 -25 фоиз зиёд карда мешавад.
“Барои кормандони муассисаҳои томактабии ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25% музди меҳнат зид карда мешавад ва дигар соҳаи буҷетӣ тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ ба андозаи 20% зиёд карда мешаванд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки тибқи ҳисоби пешакӣ барои амалигардонии он беш аз 292 миллион сомонӣ маблағ зарур мешавад.
“Барои амалигардонии ин марҳила 292,7 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ лозим аст. Мо аз аввали сол дар ин масъала кор дорем. 155 млн. сомонӣ имсол дар буҷетҳои маҳҳалӣ барзиёд буд. Ман бовар дорам, ки имсол бо захираҳои дохилии молиамон марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнатро пурра таъмин хоҳем кард”, қайд қард мақомдори тоҷик.
Ҳамзамон оқои Мирзозода таъкид кард барои пардохти он мушкилӣ ҷой надорад. Зеро маблағ ҳаст
Сомони и доллары, архивное фото   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба 3,1 ҳазор сомонӣ расид
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори кишвар музди меҳнати миёнаи номиналӣ (ҳадди ақалл)-и дар моҳи апрели соли 2026 гузаронидашуда ба 3262 сомонӣ ( ҳудуди 350 доллар) баробар аст, ки 20,3% зиёдтар нисбат ба моҳи апрели соли 2025 мебошад
Музди меҳнатӣ минималӣ дар сатҳи 1000 сомонӣ боқӣ мемонад.
Маоши баландтарин дар соҳа ва бахшҳои зерин дода мешавад:
миёнаравии молиявӣ ва суғурта — 8335,10 сомонӣ;
иттилоот ва алоқа — 6072,79 сомонӣ;
таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва ҳавои салқин — 5739,67 сомонӣ;
истихроҷи канданиҳои фоиданок — 5155,56 сомонӣ.
Маоши пасстрин дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ – 1524,13 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Миёни минтақаҳо маоши баландтарин дар шаҳри Душанбе ва пасттарин – дар вилояти Хатлон сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0