https://sputnik.tj/20261023/zimiston-nazdik-maqomot-sokinon-barqro-oqilona-istifoda-1081451614.html
Зимистон наздик шуд: Мақомот аз сокинон даъват кард, ки барқро оқилона истифода баранд
Зимистон наздик шуд: Мақомот аз сокинон даъват кард, ки барқро оқилона истифода баранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазъи таъминот бо неруи барқ беҳтар гардида, соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил хоҳад шуд
2026-10-23T14:42+0500
2026-10-23T14:42+0500
2026-10-23T14:50+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
сарфакорӣ
вазорати энергетика ва захираҳои об
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081451825_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_e3b200693042e395cf3e06f88d82343d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар як баёнияе, ки дар сомонаи расмиаш нашр гардидааст гуфтааст, ки дар фасли сармо бинобар паст гардидани ҳарорати ҳаво талабот ба неруи барқ ба таври назаррас меафзояд.Вазорат қайд кардааст, ки бо сабаби кам гардидани резиши об ба дарёҳо истеҳсоли неруи барқ коҳиш меёбад.Вазорати энергетика ҳамчунин аз ҳар як сокини кишвар, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар истифодабарандагон даъват кардааст, ки дар истифодаи неруи барқ масъулияти баланд зоҳир намоянд ва ба сарфаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.Ин ниҳод таъкид каардааст, ки ҳар як киловатт-соат неруи барқи сарфашуда барои таъмини устувори дигар истифодабарандагон, фаъолияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим мусоидат менамояд.Дар ҳамин ҳол вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар кишвар сол ба сол соҳаи энергетика рушд намуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бунёд, неругоҳҳои амалкунанда таҷдиду навсозӣ ва инфрасохтори интиқолу тақсимоти неруи барқ такмил меёбанд.Гуфта мешавад, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазъи таъминот бо неруи барқ беҳтар гардида, соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил хоҳад шуд.ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар давраи тирамоҳи соли ҷорӣ таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст.
https://sputnik.tj/20261013/nizomi-energetikii-viloyati-khatlonu-sughd-behtar-1081150747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081451825_0:174:2499:2048_1920x0_80_0_0_0207b57445688ad68d2942fc1a044fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, сарфакорӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об, маҳдудият
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, сарфакорӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об, маҳдудият
Зимистон наздик шуд: Мақомот аз сокинон даъват кард, ки барқро оқилона истифода баранд
14:42 23.10.2026 (Навсозишуда: 14:50 23.10.2026) Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазъи таъминот бо неруи барқ беҳтар гардида, соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар як баёнияе, ки дар сомонаи расмиаш нашр гардидааст гуфтааст, ки дар фасли сармо бинобар паст гардидани ҳарорати ҳаво талабот ба неруи барқ ба таври назаррас меафзояд.
Вазорат қайд кардааст, ки бо сабаби кам гардидани резиши об ба дарёҳо истеҳсоли неруи барқ коҳиш меёбад.
"Аз ин рӯ, истифодаи сарфакорона, махсусан дар соатҳои авҷи истеъмол, барои таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ бо неруи барқ аҳамияти муҳим дорад”, - қайд кардааст вазорат.
Вазорати энергетика ҳамчунин аз ҳар як сокини кишвар, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар истифодабарандагон даъват кардааст, ки дар истифодаи неруи барқ масъулияти баланд зоҳир намоянд ва ба сарфаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
”Зарур аст, ки аз истифодаи беҳудаи неруи барқ худдорӣ намуда, таҷҳизот барқии каммасрафро истифода барем, ҳангоми зарурат надоштан чароғҳо ва дигар дастгоҳҳои барқиро хомӯш намоем, аз истифодаи асбобҳои сермасраф, махсусан дар соатҳои авҷи сарборӣ, худдорӣ кунем ва ба истифодаи қонуниву мақсадноки неруи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем”, - зикр кардааст вазорат.
Ин ниҳод таъкид каардааст, ки ҳар як киловатт-соат неруи барқи сарфашуда барои таъмини устувори дигар истифодабарандагон, фаъолияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҳол вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар кишвар сол ба сол соҳаи энергетика рушд намуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бунёд, неругоҳҳои амалкунанда таҷдиду навсозӣ ва инфрасохтори интиқолу тақсимоти неруи барқ такмил меёбанд.
Гуфта мешавад, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазъи таъминот бо неруи барқ беҳтар гардида, соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил хоҳад шуд.
ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар давраи тирамоҳи соли ҷорӣ таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст.