https://sputnik.tj/20261013/nizomi-energetikii-viloyati-khatlonu-sughd-behtar-1081150747.html
Дастрасӣ ба барқ дар вилоятҳои Хатлону Суғд боз ҳам беҳтар мешавад
Дастрасӣ ба барқ дар вилоятҳои Хатлону Суғд боз ҳам беҳтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ду вилояти муҳими Тоҷикистон ду зеристгоҳи барқии нав “Чубек” ва “Ёва” ба истифода шуд, ки имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардонад
2026-10-13T10:41+0500
2026-10-13T10:41+0500
2026-10-13T10:41+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
хатлон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/86/1018738698_0:53:3030:1757_1920x0_80_0_0_ffe1bc6a78f9bb6c5443b2db0c8f515f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ—и "Чубек" ба истифода дода шуд.Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин аввалин зеристгоҳи барқии 110 кВ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.Зикр гардидааст, ки барои пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аз зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и "Кӯлобдарё" -и ноҳияи Восеъ хати нави интиқоли барқи 110 кВ ба масофаи 14,5 километр кашида шуд.Роҳбарияти Вазорати энергетика таъкид кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи мазкур барои тақвияти иқтидори шабакаҳои барқии ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш дода шавад.Ҳамзамон эътимоднокӣ ва сифати таъминоти неруи барқ барои аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад.Ҳамзамон вазорати энергетика хабар додааст, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и "Ёва" ба истифода дода мешавад.Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти энергетикӣ дар марҳилаи анҷом қарор доранд. Бунёди зеристгоҳи нави барқии "Ёва" дар таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ нақши муҳим хоҳад дошт.Қайд карда шудааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардад. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифату устувории таъминоти неруи барқи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа, инчунин коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бунёди иншоотҳои мазкур дар баробари тақвияти инфрасохтори энергетикӣ ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни вилоятҳо бо неруи барқ мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20260902/taghyirot-energetika-piruzihoi-avgust-tojikiston-1080116832.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/86/1018738698_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e87988afc85e4c3089c7dfc119e41e2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, хатлон, суғд
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, хатлон, суғд
Дастрасӣ ба барқ дар вилоятҳои Хатлону Суғд боз ҳам беҳтар мешавад
Дар ду вилояти муҳими Тоҷикистон ду зеристгоҳи барқии нав “Чубек” ва “Ёва” ба истифода шуд, ки имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардонад
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ—и "Чубек" ба истифода дода шуд.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин аввалин зеристгоҳи барқии 110 кВ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.
энергетика“Зеристгоҳи нави "Чубек" бо мақсади таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳия, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои барқ ва таъмини устувору босифати аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо неруи барқ бунёд гардидааст”, қайд кардааст вазорат.
Зикр гардидааст, ки барои пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аз зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и "Кӯлобдарё" -и ноҳияи Восеъ хати нави интиқоли барқи 110 кВ ба масофаи 14,5 километр кашида шуд.
Роҳбарияти Вазорати энергетика таъкид кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи мазкур барои тақвияти иқтидори шабакаҳои барқии ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш дода шавад.
Ҳамзамон эътимоднокӣ ва сифати таъминоти неруи барқ барои аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Ҳамзамон вазорати энергетика хабар додааст, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и "Ёва" ба истифода дода мешавад.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти энергетикӣ дар марҳилаи анҷом қарор доранд. Бунёди зеристгоҳи нави барқии "Ёва" дар таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ нақши муҳим хоҳад дошт.
Қайд карда шудааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардад. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифату устувории таъминоти неруи барқи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа, инчунин коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бунёди иншоотҳои мазкур дар баробари тақвияти инфрасохтори энергетикӣ ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни вилоятҳо бо неруи барқ мусоидат мекунад.