Имкон дорад Тоҷикистон ба гази Туркманистон дастрасӣ пайдо кунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкРабочий на горном газовом месторождении. Иллюстративное фото
Рабочий на горном газовом месторождении. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Обуна шудан
Оҷонсии иттилоотии Turkmenportal аз имкони содироти гази Туркманистон ба Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории туркмании “Turkmenportal”, Тоҷикистон метавонад дар доираи лоиҳаи "Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ" ба гази Туркманистон дастрасӣ пайдо кунад.
Тибқи иттилои ин манбаъ, ахиран Валери Дукрос, мудири Маркази ҷаҳонии газ (GGC, Женева), ахиран дар конфронс ва намоишгоҳи 31-уми байналмилалии "Нафт ва гази Туркманистон 2026" дар ин бора эълон кард.
"Лоиҳаи "Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ" метавонад як масири иловагии минтақавӣ барои интиқоли гази Туркманистон ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва агар бо ҳам пайваст шавад, Қирғизистон ва Тоҷикистонро эҷод кунад". – гуфтааст вай.
Қайд карда мешавад, ки Туркманистон солона беш аз 30 миллиард метри мукааб газро ба Чин содир мекунад. Иқтидори системаи лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин 55 миллиард метри мукааб дар як сол аст. Сохтмони банақшагирифташудаи хатти иловагии лӯла ба Чин иқтидори онро боз 30 миллиард метри мукааб зиёд мекунад.
Добыча нефти в Татарстане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Тоҷикистон қариб пурра аз газу сӯзишвории воридотӣ вобаста аст. Бозори дохилӣ асосан аз гази моеъ истифода мебарад, ки дар мошинҳои сабукрав ва хонаводаҳо истифода мешавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми воридоти газ ба ҷумҳурӣ дар соли 2025 қариб 350 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки беш аз 60%-и ин таъминот ба Русия рост меояд, дар ҳоле ки саҳми Туркманистон танҳо 0,2%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0