https://sputnik.tj/20260708/tojikiston-zakhiraho-naft-gaz-kishvar-kashf-1078852417.html
Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки кашфи захираҳои зиёди нафту газ, барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст
2026-07-08T09:36+0500
2026-07-08T09:36+0500
2026-07-08T09:36+0500
дар тоҷикистон
захира
нафт
газ
кашф
геология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061518169_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_4ab75ae2598219188e8669ca6a5d6f24.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Тоҷикистон умед доард дар кишвар конҳои нави нафту газ бо захираҳои ҳангуфт кашф карда мешавад.Кашфи захираҳои нафту гази зиёд барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зарур аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология.Раиси ин ниҳод қайд кард, ки геологҳо муайян кардани конҳои нафт ва газро дар кишвар идома медиҳанд."Мо бо Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ин самт ҳамкорӣ зич дорем ва умедворем, ки захираҳои назарраси нафту газ кашф шаванд. Ин барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст", - таъкид кард ӯ.Ба гуфтаи вай, чунин захираҳо дар Водии Фарғонава - як ҳавзаи байникӯҳӣ байни қаторкӯҳҳои Ҳисор-Олой, Помир ва Ҳиндукуш ҷойгиранд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати чинии CNPC дар як кони нафт, кор доранд.Оймуҳаммадзода хабар дод, ки мутахассисони CNPC айни замон маълумоти сейсмикиро коркард мекунанд ва натиҷаҳоро то охири соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд, ки пас аз он маконҳои пармакунии чоҳҳо муайян карда мешаванд.Вай қайд кард, ки маълумот дар бораи захираҳои нафт дар ин минтақа то ҳол номаълум аст, зеро конҳо на дар рӯи замин, балки дар сохторҳои амиқи хок ҷойгиранд, "ва дар ин ҷо пармакунӣ зарур аст".Тоҷикистон тақрибан 28 кони нафти бақайдгирифташуда дорад, ки захираҳои тасдиқшуда беш аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар соли 2025 дар кишвар каме бештар аз 18,500 тонна нафт истеҳсол шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт нокифоя аст, аз ин рӯ, кишвар маҳсулоти нафту газро ворид мекунад.Соли гузашта беш аз 80% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда ба ҷумҳурӣ аз Русия, 5% дигар аз Узбекистон ва ҳаҷми боқимонда аз Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Қирғизистон ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20260707/kambudi-suzishvori-tojikiston-mavodi-sukht-vorid-1078843909.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061518169_456:0:3187:2048_1920x0_80_0_0_88a1b648f8de65be62670c8ee104765a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, захира, нафт, газ, кашф, геология
дар тоҷикистон, захира, нафт, газ, кашф, геология
Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки кашфи захираҳои зиёди нафту газ, барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Тоҷикистон умед доард дар кишвар конҳои нави нафту газ бо захираҳои ҳангуфт кашф карда мешавад.
Кашфи захираҳои нафту гази зиёд барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зарур аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология.
Раиси ин ниҳод қайд кард, ки геологҳо муайян кардани конҳои нафт ва газро дар кишвар идома медиҳанд.
"Мо бо Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ин самт ҳамкорӣ зич дорем ва умедворем, ки захираҳои назарраси нафту газ кашф шаванд. Ин барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, чунин захираҳо дар Водии Фарғонава - як ҳавзаи байникӯҳӣ байни қаторкӯҳҳои Ҳисор-Олой, Помир ва Ҳиндукуш ҷойгиранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати чинии CNPC дар як кони нафт, кор доранд.
Оймуҳаммадзода хабар дод, ки мутахассисони CNPC айни замон маълумоти сейсмикиро коркард мекунанд ва натиҷаҳоро то охири соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд, ки пас аз он маконҳои пармакунии чоҳҳо муайян карда мешаванд.
Вай қайд кард, ки маълумот дар бораи захираҳои нафт дар ин минтақа то ҳол номаълум аст, зеро конҳо на дар рӯи замин, балки дар сохторҳои амиқи хок ҷойгиранд, "ва дар ин ҷо пармакунӣ зарур аст".
Тоҷикистон тақрибан 28 кони нафти бақайдгирифташуда дорад, ки захираҳои тасдиқшуда беш аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар соли 2025 дар кишвар каме бештар аз 18,500 тонна нафт истеҳсол шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт нокифоя аст, аз ин рӯ, кишвар маҳсулоти нафту газро ворид мекунад.
Соли гузашта беш аз 80% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда ба ҷумҳурӣ аз Русия, 5% дигар аз Узбекистон ва ҳаҷми боқимонда аз Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Қирғизистон ворид шудааст.