https://sputnik.tj/20261023/tijorati-vasetar-tamarkuz-zehni-suni-shsh-dushanbe-1081454185.html
Тиҷорати васеътар ва тамаркуз ба зеҳни сунъӣ: ҷаласаи СҲШ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд
Тиҷорати васеътар ва тамаркуз ба зеҳни сунъӣ: ҷаласаи СҲШ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳукуматҳо 25 соли фаъолияти созмонро ҷамъбаст карданд ва самтҳои рушди ояндаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро муайян намуданд
2026-10-23T16:41+0500
2026-10-23T16:41+0500
2026-10-23T16:41+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сҳш
сиёсат
ҳамкорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081449543_0:209:3054:1927_1920x0_80_0_0_56597455666412911727841e4ec5a55e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Душанбе яке аз ҷаласаҳои муҳимтарини Созмони Ҳамкории Шанхайро дар солҳои охир мизбонӣ кард. Муҳим на танҳо ба он хотир, ки ҷумҳурӣ дар 25-солгарди таъсисёбӣ шарафи раёсати СҲШ-ро ба даст овард, балки ба ифтихориташаббусҳо ва қарорҳои зиёди дар рафти ҷаласа қабулшуда ҳам. Интизор меравад, ки татбиқи онҳо ба тиҷорат ва шукуфоии бисёре аз кишварҳои узви созмон таъсири мустақим мерасонад.Дар бораи мавзӯъҳои калидие, ки мақомоти баландпоя дар ҷаласа дар Душанбе баррасӣ кардаанд, дар ин мақолаи Sputnik Tajikistan хонед.Тиҷорат аз сармоягузорӣ пеш мегузарадСарвазири Русия Михаил Мишустин ҳадафи асосии созмонро барои ояндаи наздик мухтасар шарҳ дод.Ҳамзамон ҳамаи иштирокчиён хуб медонанд, ки танҳо кишварҳое, ки иқтисоди қавӣ ва иқтидори назарраси сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ доранд, метавонанд дар саҳнаи байналмилалӣ таъсиргузор бошанд.Кишварҳои СҲШ дар тиҷорати мутақобила тамоюлҳои хеле мусбат нишон медиҳанд. Масалан, гардиши тиҷорати Русия бо шариконаш дар ин созмон дар соли 2025 ба нишондиҳандаи рекордӣ- 30 триллион рубл расид ва дар нимаи аввали соли 2026 боз 18% афзоиш ёфт, ки ин аз ҳисоби робитаҳои мустаҳкамтари логистикӣ бо бузургҷуссаҳои иқтисодии Осиё - Ҳиндустон ва Чин ба даст омадааст.Тоҷикистон низ нишондиҳандаҳои мусбат ба даст овард: ҳаҷми муомилоти содирот ва воридоти он бо кишварҳои узв ба 6,3 миллиард доллар расид, ки дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 32% афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, аксари пардохтҳо бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд, дар ҳоле ки панҷ сол пеш танҳо нисфи ҳамаи пардохтҳо бо ин роҳ анҷом дода мешуданд.Дар мавриди сармоягузорӣ, кишварҳо то ҳол имкониятҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳоро доранд. Масалан, сарвазир Қоҳир Расулзода қайд кард, ки сармоягузории мустақим аз ҷониби аъзои СҲШ дар Тоҷикистон дар соли 2025 каме бештар аз 350 миллион долларро ташкил дод, ки аз пурра истифода нашудани имкониятҳои вуҷуддошташаҳодат медиҳад.Бонки рушди СҲШ бояд як абзори иловагии иқтисодӣ гардад ва ҷалби сармоягузориро осонтар кунад. Гарчанде ки идеяи таъсиси муассисаи қарзӣ ва молиявии созмон муддате баррасӣ мегардад, маҳз дар ҷаласаи Душанбе тағйироти назаррас ба амал омад: Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов расман омодагии кишварро барои мизбонии қароргоҳи созмон эълон кард.Ғайр аз ин, дар рафти ҷаласа қоидаҳои пойгоҳи додаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши саноат бори аввал тасдиқ карда шуданд. Ин абзори амалӣ бояд ба платформаи умумӣ табдил ёбад, ки ба корхонаҳои кишварҳои СҲШ имкон медиҳад, ки шариконро барои истеҳсолотимуштарак зудтар пайдо кунанд ва сармоя ҷалб намоянд, маҳз он ҳадафҳе, ки Тоҷикистон ба он саъй мекунад.Логистика бидуни монеаҳои нолозимТашаббуси дигаре, ки барои афзоиши потенсиали сармоягузорӣ ва гардиши тиҷорат тарҳрезӣ шудааст, консепсияи тасдиқшудаи эҷоди низомии ягонаи рақамӣ барои рушди интиқоли боркашонии мултимодалӣ буд. Дар ҳолати беҳтарин, он ба беҳсозии масир, пайгирии интиқол дар вақти воқеӣ, ҳамоҳангсозии тарофаҳо, расмиёти соддакардашудаи гумрукӣ ва коҳиши хароҷот мусоидат хоҳад кард.Мӯҳлати тахминии татбиқ ҳанӯз эълон нашудааст, аммо платформаи “ГосЛог”-и Русия метавонад ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ барои СҲШ хидмат кунад ва нақша дорад, ки минбаъд онро бо низоми шабеҳ дар Чин ва дигар кишварҳои узв муттаҳид карданиянд.Пешниҳодҳои монанд дар соҳаҳои тиҷорат ва логистика аз ҷониби Бишкек ва Пекин пешниҳод гардиданд. Масалан, муовини аввали сарвазири Қирғизистон Дониёр Амангелдиев даъват кард, ки ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ карда шаванд, пешакӣ огоҳӣ дар бораи боркашонӣ анҷом дода шавад ва расмиёти гумрукӣ дар самтҳои афзалиятнок ҳамоҳанг карда шаванд.Ба гуфтаи ӯ, чунин чораҳо дар гузаргоҳҳои алоҳидаи марзӣ ва миёни интиқолдиҳандагон оғоз карда мешавад. Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян, дар навбати худ, аз долонҳои устувори интиқол ва занҷирҳои истеҳсолӣ ҷонибдорӣ кард.Темир Сариев, раиси Шӯрои тиҷоратии СҲШ, пешниҳод кард, ки як масири озмоишӣ барои боркашонии босуръат бо таҳияи босуръати ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳои электронӣ таъсис дода шавад. Ӯ инчунин тавсия дод, ки платформа барои тасдиқи эътимоднокии ширкатҳо ва муайян кардани шарикони тиҷоратӣ таъсис дода шавад. Пешниҳодҳои дигар аз эҷоди баста бо 100 лоиҳаи муштарак, ки ба таъсиси соҳаҳои нав ва рушди ҳамкории технологӣ нигаронида шудаанд, иборат буданд.Дурнамои рушди зеҳни сунъӣДар мавриди истиқлолияти технологӣ ва афзоиши рақамикунонӣ барои манфиати иқтисодиёт ва амният, якчанд ғояҳои калидӣ баён карда шуданд.Масалан, Қоҳир Расулзода даъват кард, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эҷоди платформаи минтақавии агроэкологии рақамӣ, ки қаблан дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Бишкек пешниҳод шуда буд, дастгирӣ карда шавад. Пешбинӣ мешавад, ки чунин низом метавонад интиқоли иттилоот, таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳои беҳтаринро дар соҳаҳои дахлдор осон кунад.Ба гуфтаи мақомоти Душанбе, рушди ҳамкории рақамӣ метавонад аз нигоҳи амалӣ қабули усулҳои муосири идоракунии заминро тавсеа бахшад ва равишҳоро ба идоракунии захираҳои кишоварзӣ беҳтар намояд.Дар навбати худ, Олжас Бектенов таъсиси Шабакаи Марказҳои зеҳни сунъӣ дар доираи СҲШ-ро пешниҳод кард ва татбиқи барномаи Digital Qazaqstan-ро, ки барои табдил додани Қазоқистон ба маркази асосии инноватсионии минтақа равона шудааст, ҳамчун мисоли мусбат зикр кард."Танҳо дар панҷ соли охир содироти хидматрасонии IT-и мо 34 маротиба афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард доллар расидааст. Ин рақамҳои таъсирбахшанд, ки рақобатпазирии афзояндаи роҳҳои ҳалли рақамиро инъикос мекунанд. Мо қатъиян қарор дорем, ки ин натиҷаҳоро нигоҳ дорем ва хидматрасонии худро ҳамчун маркази рақамӣ пешниҳод кунем", - таъкид кард сарвазир.Намояндаи Беларус инчунин аҳамияти ҳамкории технологӣ, аз ҷумла таъкид ба бахши IT-ро таъкид кард. Сарвазир Александр Турчин робитаи мустақими байни шарикии саноатӣ ва дастрасӣ ба сармояи дарозмуддатро қайд кард. Бонки рушди СҲШ бояд ба маблағгузории лоиҳаҳои калонҳаҷм кумак кунад.Манфиатҳои иқтисодии Минск ҳадафҳои бисёре аз аъзои созмонро, ки барои рушди саноати вазнин ва мошинсозӣ талош мекунанд, пурра инъикос мекунанд, зеро истеҳсоли муштараки мошинҳои автомобилӣ ва техникаи кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти баландтехнологӣ сармоягузориҳоеро талаб мекунад, ки дар тӯли солҳои зиёд баргардонда мешаванд.Умуман рӯзномаи тиҷоратии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе рушди муназзами тамоюлҳои қаблан муқарраршударо нишон дод: радди босуръат аз амалиёт бо доллар, зеро муомилоти байнидавлатӣ бо асъори миллӣ байни бозигарони калидӣ аллакай аз 75-80% гузаштааст ва тамаркуз ба соҳибихтиёрии технологиро намоиш дод.
https://sputnik.tj/20261021/reshetnikov-tijorati-dokhiili-shsh-trln-dollar-1081392832.html
https://sputnik.tj/20261021/malum-shsh-iqtisodi-tojikiston-sarmoyaguzori-1081372554.html
https://sputnik.tj/20261021/tojikiston-kishvarhoi-shsh-tatbiqi-loihaho-naqliyoti-kumak-1081372711.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081449543_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_09e7e7dbc270435160aebe15b285ece8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, сҳш, сиёсат , ҳамкорӣ, тиҷорат
дар тоҷикистон, иқтисод, сҳш, сиёсат , ҳамкорӣ, тиҷорат
Тиҷорати васеътар ва тамаркуз ба зеҳни сунъӣ: ҷаласаи СҲШ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд
Дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳукуматҳо 25 соли фаъолияти созмонро ҷамъбаст карданд ва самтҳои рушди ояндаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро муайян намуданд
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Душанбе яке аз ҷаласаҳои муҳимтарини Созмони Ҳамкории Шанхайро дар солҳои охир мизбонӣ кард. Муҳим на танҳо ба он хотир, ки ҷумҳурӣ дар 25-солгарди таъсисёбӣ шарафи раёсати СҲШ-ро ба даст овард, балки ба ифтихориташаббусҳо ва қарорҳои зиёди дар рафти ҷаласа қабулшуда ҳам. Интизор меравад, ки татбиқи онҳо ба тиҷорат ва шукуфоии бисёре аз кишварҳои узви созмон таъсири мустақим мерасонад.
Дар бораи мавзӯъҳои калидие, ки мақомоти баландпоя дар ҷаласа дар Душанбе баррасӣ кардаанд, дар ин мақолаи Sputnik Tajikistan хонед.
Тиҷорат аз сармоягузорӣ пеш мегузарад
Сарвазири Русия Михаил Мишустин ҳадафи асосии созмонро барои ояндаи наздик мухтасар шарҳ дод.
"Ҳадафи мо ин аст, ки ба пуррагӣ иқтидори бузурги СҲШ-ро ҳамчун як сохтори бонуфузи байниҳукуматӣ, ки воқеан саҳми назаррас дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии бисёрқутбӣмегузорад, амалӣ кунем", - қайд кард ӯ дар қисмати кушодаи ҷаласа.
Ҳамзамон ҳамаи иштирокчиён хуб медонанд, ки танҳо кишварҳое, ки иқтисоди қавӣ ва иқтидори назарраси сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ доранд, метавонанд дар саҳнаи байналмилалӣ таъсиргузор бошанд.
Кишварҳои СҲШ дар тиҷорати мутақобила тамоюлҳои хеле мусбат нишон медиҳанд. Масалан, гардиши тиҷорати Русия бо шариконаш дар ин созмон дар соли 2025 ба нишондиҳандаи рекордӣ- 30 триллион рубл расид ва дар нимаи аввали соли 2026 боз 18% афзоиш ёфт, ки ин аз ҳисоби робитаҳои мустаҳкамтари логистикӣ бо бузургҷуссаҳои иқтисодии Осиё - Ҳиндустон ва Чин ба даст омадааст.
Тоҷикистон низ нишондиҳандаҳои мусбат ба даст овард: ҳаҷми муомилоти содирот ва воридоти он бо кишварҳои узв ба 6,3 миллиард доллар расид, ки дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 32% афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, аксари пардохтҳо бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд, дар ҳоле ки панҷ сол пеш танҳо нисфи ҳамаи пардохтҳо бо ин роҳ анҷом дода мешуданд.
Дар мавриди сармоягузорӣ, кишварҳо то ҳол имкониятҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳоро доранд. Масалан, сарвазир Қоҳир Расулзода қайд кард, ки сармоягузории мустақим аз ҷониби аъзои СҲШ дар Тоҷикистон дар соли 2025 каме бештар аз 350 миллион долларро ташкил дод, ки аз пурра истифода нашудани имкониятҳои вуҷуддошташаҳодат медиҳад.
"Рақамҳо имкониятҳои бузурги истифоданашудаи ҳамкориҳои сармоягузории моро нишон медиҳанд, ки аз динамикаи муносибатҳои тиҷоратӣ ба таври назаррас пасттар аст", - таъкид кард ӯ.
Бонки рушди СҲШ бояд як абзори иловагии иқтисодӣ гардад ва ҷалби сармоягузориро осонтар кунад. Гарчанде ки идеяи таъсиси муассисаи қарзӣ ва молиявии созмон муддате баррасӣ мегардад, маҳз дар ҷаласаи Душанбе тағйироти назаррас ба амал омад: Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов расман омодагии кишварро барои мизбонии қароргоҳи созмон эълон кард.
Ғайр аз ин, дар рафти ҷаласа қоидаҳои пойгоҳи додаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши саноат бори аввал тасдиқ карда шуданд. Ин абзори амалӣ бояд ба платформаи умумӣ табдил ёбад, ки ба корхонаҳои кишварҳои СҲШ имкон медиҳад, ки шариконро барои истеҳсолотимуштарак зудтар пайдо кунанд ва сармоя ҷалб намоянд, маҳз он ҳадафҳе, ки Тоҷикистон ба он саъй мекунад.
"Ба истеҳсоли муштарак ва сармоягузории мутақобила диққат додан муҳим аст", - таъкид кард сарвазири Русия Михаил Мишустин.
Логистика бидуни монеаҳои нолозим
Ташаббуси дигаре, ки барои афзоиши потенсиали сармоягузорӣ ва гардиши тиҷорат тарҳрезӣ шудааст, консепсияи тасдиқшудаи эҷоди низомии ягонаи рақамӣ барои рушди интиқоли боркашонии мултимодалӣ буд. Дар ҳолати беҳтарин, он ба беҳсозии масир, пайгирии интиқол дар вақти воқеӣ, ҳамоҳангсозии тарофаҳо, расмиёти соддакардашудаи гумрукӣ ва коҳиши хароҷот мусоидат хоҳад кард.
Мӯҳлати тахминии татбиқ ҳанӯз эълон нашудааст, аммо платформаи “ГосЛог”-и Русия метавонад ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ барои СҲШ хидмат кунад ва нақша дорад, ки минбаъд онро бо низоми шабеҳ дар Чин ва дигар кишварҳои узв муттаҳид карданиянд.
Пешниҳодҳои монанд дар соҳаҳои тиҷорат ва логистика аз ҷониби Бишкек ва Пекин пешниҳод гардиданд. Масалан, муовини аввали сарвазири Қирғизистон Дониёр Амангелдиев даъват кард, ки ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ карда шаванд, пешакӣ огоҳӣ дар бораи боркашонӣ анҷом дода шавад ва расмиёти гумрукӣ дар самтҳои афзалиятнок ҳамоҳанг карда шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, чунин чораҳо дар гузаргоҳҳои алоҳидаи марзӣ ва миёни интиқолдиҳандагон оғоз карда мешавад. Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян, дар навбати худ, аз долонҳои устувори интиқол ва занҷирҳои истеҳсолӣ ҷонибдорӣ кард.
Темир Сариев, раиси Шӯрои тиҷоратии СҲШ, пешниҳод кард, ки як масири озмоишӣ барои боркашонии босуръат бо таҳияи босуръати ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳои электронӣ таъсис дода шавад. Ӯ инчунин тавсия дод, ки платформа барои тасдиқи эътимоднокии ширкатҳо ва муайян кардани шарикони тиҷоратӣ таъсис дода шавад. Пешниҳодҳои дигар аз эҷоди баста бо 100 лоиҳаи муштарак, ки ба таъсиси соҳаҳои нав ва рушди ҳамкории технологӣ нигаронида шудаанд, иборат буданд.
Дурнамои рушди зеҳни сунъӣ
Дар мавриди истиқлолияти технологӣ ва афзоиши рақамикунонӣ барои манфиати иқтисодиёт ва амният, якчанд ғояҳои калидӣ баён карда шуданд.
Масалан, Қоҳир Расулзода даъват кард, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эҷоди платформаи минтақавии агроэкологии рақамӣ, ки қаблан дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Бишкек пешниҳод шуда буд, дастгирӣ карда шавад. Пешбинӣ мешавад, ки чунин низом метавонад интиқоли иттилоот, таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳои беҳтаринро дар соҳаҳои дахлдор осон кунад.
Ба гуфтаи мақомоти Душанбе, рушди ҳамкории рақамӣ метавонад аз нигоҳи амалӣ қабули усулҳои муосири идоракунии заминро тавсеа бахшад ва равишҳоро ба идоракунии захираҳои кишоварзӣ беҳтар намояд.
Дар навбати худ, Олжас Бектенов таъсиси Шабакаи Марказҳои зеҳни сунъӣ дар доираи СҲШ-ро пешниҳод кард ва татбиқи барномаи Digital Qazaqstan-ро, ки барои табдил додани Қазоқистон ба маркази асосии инноватсионии минтақа равона шудааст, ҳамчун мисоли мусбат зикр кард.
"Танҳо дар панҷ соли охир содироти хидматрасонии IT-и мо 34 маротиба афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард доллар расидааст. Ин рақамҳои таъсирбахшанд, ки рақобатпазирии афзояндаи роҳҳои ҳалли рақамиро инъикос мекунанд. Мо қатъиян қарор дорем, ки ин натиҷаҳоро нигоҳ дорем ва хидматрасонии худро ҳамчун маркази рақамӣ пешниҳод кунем", - таъкид кард сарвазир.
Намояндаи Беларус инчунин аҳамияти ҳамкории технологӣ, аз ҷумла таъкид ба бахши IT-ро таъкид кард. Сарвазир Александр Турчин робитаи мустақими байни шарикии саноатӣ ва дастрасӣ ба сармояи дарозмуддатро қайд кард. Бонки рушди СҲШ бояд ба маблағгузории лоиҳаҳои калонҳаҷм кумак кунад.
Манфиатҳои иқтисодии Минск ҳадафҳои бисёре аз аъзои созмонро, ки барои рушди саноати вазнин ва мошинсозӣ талош мекунанд, пурра инъикос мекунанд, зеро истеҳсоли муштараки мошинҳои автомобилӣ ва техникаи кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти баландтехнологӣ сармоягузориҳоеро талаб мекунад, ки дар тӯли солҳои зиёд баргардонда мешаванд.
Умуман рӯзномаи тиҷоратии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе рушди муназзами тамоюлҳои қаблан муқарраршударо нишон дод: радди босуръат аз амалиёт бо доллар, зеро муомилоти байнидавлатӣ бо асъори миллӣ байни бозигарони калидӣ аллакай аз 75-80% гузаштааст ва тамаркуз ба соҳибихтиёрии технологиро намоиш дод.