https://sputnik.tj/20261021/tojikiston-kishvarhoi-shsh-tatbiqi-loihaho-naqliyoti-kumak-1081372711.html
Тоҷикистон омода аст, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ кумак кунад
Тоҷикистон омода аст, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ кумак кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон метавонад имконоти васеъро барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд барои кишварҳои СҲШ фароҳам оварад
2026-10-21T10:41+0500
2026-10-21T10:41+0500
2026-10-21T10:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
сҳш
ҳамкорӣ
лоиҳа
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/14/1081374510_191:494:2874:2003_1920x0_80_0_0_7a14bca07e839066f0528bda0be111b0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ахири сарони ҳукумати Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) гуфт, ки Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои узви Созмон дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт ва кишоварзӣ кумак кунад.Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ 20 октябр дар Душанбе баргузор шуд."Кишвари мо омода аст, ки ба шарикони худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай имконоти васеътаринро барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд фароҳам оварад. Агар дар бораи соҳаҳои афзалиятнок гӯем, тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва самаранок истифода бурдани долонҳои мавҷудаи коммуникатсионӣ дар бахши нақлиёт аз лиҳози стратегӣ муҳим медонад", - гуфт Расулзода дар ҷаласаи Шӯро.Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аз афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ, васеъ кардани иқтидори коркард ва ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионии идоракунии устувори замин пуштибонӣ мекунад."Дар ин робита, бо пайравӣ аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон, ки дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек изҳор дошт, мо пешниҳод мекунем, ки таъсиси платформаи агроэкологии рақамии минтақавӣ дастгирӣ карда шавад", - гуфт Расулзода.Вай таъкид кард, ки ин платформа ҳамчун пояи муассир барои мубодилаи амиқи байнидавлатии иттилоот, технологияҳои пешрафта ва дастовардҳои илмӣ хизмат хоҳад кард.Созмони ҳамкории Шанхай аст, ки як созмони байналмилалии байнидавлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мебошад. Он 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.Ҳадафи асосии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъмини субот ва амнияти минтақавӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв мебошад.
https://sputnik.tj/20261020/tojikiston-gardish-mol-kishvarho-shsh-afzoish-1081360218.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/14/1081374510_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_4c56a6157e0f3fc4652126d61c5a043c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, сҳш, ҳамкорӣ, лоиҳа, равобит
дар тоҷикистон, нақлиёт, сҳш, ҳамкорӣ, лоиҳа, равобит
Тоҷикистон омода аст, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ кумак кунад
Сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон метавонад имконоти васеъро барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд барои кишварҳои СҲШ фароҳам оварад
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ахири сарони ҳукумати Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) гуфт, ки Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои узви Созмон дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт ва кишоварзӣ кумак кунад.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ 20 октябр дар Душанбе баргузор шуд.
"Кишвари мо омода аст, ки ба шарикони худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай имконоти васеътаринро барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд фароҳам оварад. Агар дар бораи соҳаҳои афзалиятнок гӯем, тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва самаранок истифода бурдани долонҳои мавҷудаи коммуникатсионӣ дар бахши нақлиёт аз лиҳози стратегӣ муҳим медонад", - гуфт Расулзода дар ҷаласаи Шӯро.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аз афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ, васеъ кардани иқтидори коркард ва ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионии идоракунии устувори замин пуштибонӣ мекунад.
"Дар ин робита, бо пайравӣ аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон, ки дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек изҳор дошт, мо пешниҳод мекунем, ки таъсиси платформаи агроэкологии рақамии минтақавӣ дастгирӣ карда шавад", - гуфт Расулзода.
Вай таъкид кард, ки ин платформа ҳамчун пояи муассир барои мубодилаи амиқи байнидавлатии иттилоот, технологияҳои пешрафта ва дастовардҳои илмӣ хизмат хоҳад кард.
Созмони ҳамкории Шанхай аст, ки як созмони байналмилалии байнидавлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мебошад. Он 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
Ҳадафи асосии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъмини субот ва амнияти минтақавӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв мебошад.