Қалобону бевиҷдонҳо зиёд шудаанд: Ҳушдори мақомот ба муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкЦентр содействия мигрантам в Волгограде
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дар дидор бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия равонаанд, ҳушдор доданд, ки ба ашхоси ношинос ва миёнҷигарон бовар накунан.
Онҳо аз шаҳрвандон хоҳиш карданд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
“Вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд”, - қайд намудааст ин ниҳод.
Хадамоти ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд.
Работа многофункционального миграционного центра.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
“Маълумотро аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва мақомотҳои салоҳиятдори Русия дастрас намоед”, - қайд кардааст Хадамоти муҳоҷират.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки айни замон аз Русия ба Тоҷикистон бозгаштаанд, масъалаи таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои кории холӣ дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0