https://sputnik.tj/20260903/korshinos-qoidahoi-nav-muhojirat-maskav-1080146157.html
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот ба ду нуктаи муҳим дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия, дахл доранд
2026-09-03T14:14+0500
2026-09-03T14:14+0500
2026-09-03T14:14+0500
муҳоҷират
русия
қоидаҳои вориду хориҷ шудан
буду боши хориҷиён
депорти муҳоҷирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078242190_0:305:3072:2033_1920x0_80_0_0_894f779413db1717ef0500993d4c8da2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сент - Sputnik. Тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират дар Маскав ва вилояти Маскав аз 1 сентябр эътибор пайдо карданд.Истифодаи ҳатмии барномаи "Амина" ҳамакнун ба амал даромад.Ин тағйирот ба ду муқаррароти муҳиме, ки ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав ва вилояти Маскав зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонанд.Дмитрий Ярошенко, ҳуқуқшиноси соҳаи муҳоҷират, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, дар бораи тағйирот муфассал сӯҳбат кард.Акнун на танҳо хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, балки онҳое, ки бо мақсадҳои шахсӣ ва таълимӣ, ба монанди донишҷӯён, инчунин онҳое, ки бо сабаби ҳузури хешовандони наздик ё дархости иҷозатномаи муваққатии истиқомат, иҷозатномаи истиқомат ва дигар сабабҳо, бояд дар барномаи муҳоҷирон сабти ном шаванд.Боз як тағйироти муҳими дигар ба муоинаҳои тиббӣ дахл дорад. Шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар Федератсияи Русия бо корти муҳоҷиратӣ қарор доранд ва мехоҳанд будубоши худро то 90 рӯз тамдид кунанд, бояд дар давоми 30 рӯз аз муоинаи ҳамаҷонибаи тиббӣ гузаранд."Агар шумо аз як моҳ зиёдтар дар ҳудуди Русия бошед ва баъдтар барои тамдид муроҷиат кунед, шуморо бо ҷавобгарии маъмурӣ, ҷарима то 50 ҳаз. рубл, дохил кардан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ва пешниҳоди маълумот ба Вазорати корҳои дохилӣ ва эҳтимолан ҳатто депортатсия рӯбарӯ шавед", - таъкид кард Ярошенко.Аз ин рӯ, ин шаҳрвандон бояд ин муҳлатҳоро қатъиян риоя кунанд, то аз вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва эҷоди мушкилот барои худ дар Русия худдорӣ намоянд.Ғайр аз ин, агар бемории дар рӯйхат ҷойдошта ошкор карда шавад, маълумот ба Роспотребнадзор фиристода мешавад. Айни замон, бақайдгирӣ дар ин барнома барои ноболиғон, шаҳрвандони Беларус бо иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомат ё кишварҳои бидуни раводид талаб карда намешавад.
https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078242190_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_00b1ef4a4b4663220bcbc726b09d7b11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, қоидаҳои вориду хориҷ шудан, буду боши хориҷиён, депорти муҳоҷирон
муҳоҷират, русия, қоидаҳои вориду хориҷ шудан, буду боши хориҷиён, депорти муҳоҷирон
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
Эксклюзив
Тағйирот ба ду нуктаи муҳим дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия, дахл доранд
ДУШАНБЕ, 3 сент - Sputnik. Тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират дар Маскав ва вилояти Маскав аз 1 сентябр эътибор пайдо карданд.
Истифодаи ҳатмии барномаи "Амина" ҳамакнун ба амал даромад.
Ин тағйирот ба ду муқаррароти муҳиме, ки ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав ва вилояти Маскав зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонанд.
Дмитрий Ярошенко, ҳуқуқшиноси соҳаи муҳоҷират, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, дар бораи тағйирот муфассал сӯҳбат кард.
Акнун на танҳо хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, балки онҳое, ки бо мақсадҳои шахсӣ ва таълимӣ, ба монанди донишҷӯён, инчунин онҳое, ки бо сабаби ҳузури хешовандони наздик ё дархости иҷозатномаи муваққатии истиқомат, иҷозатномаи истиқомат ва дигар сабабҳо, бояд дар барномаи муҳоҷирон сабти ном шаванд.
"Ин шаҳрвандон бояд дар барномаи "Амина" сабти ном шаванд, барои корти шаҳрванди хориҷӣ ба Маркази бисёрманзураи Сахаров муроҷиат кунанд ва мувофиқан корт бо рамзи QR гиранд, бақайдгирии пурраро анҷом диҳанд ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ сабти ном шаванд", - шарҳ дод коршинос.
Боз як тағйироти муҳими дигар ба муоинаҳои тиббӣ дахл дорад. Шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар Федератсияи Русия бо корти муҳоҷиратӣ қарор доранд ва мехоҳанд будубоши худро то 90 рӯз тамдид кунанд, бояд дар давоми 30 рӯз аз муоинаи ҳамаҷонибаи тиббӣ гузаранд.
"Агар шумо аз як моҳ зиёдтар дар ҳудуди Русия бошед ва баъдтар барои тамдид муроҷиат кунед, шуморо бо ҷавобгарии маъмурӣ, ҷарима то 50 ҳаз. рубл, дохил кардан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ва пешниҳоди маълумот ба Вазорати корҳои дохилӣ ва эҳтимолан ҳатто депортатсия рӯбарӯ шавед", - таъкид кард Ярошенко.
Аз ин рӯ, ин шаҳрвандон бояд ин муҳлатҳоро қатъиян риоя кунанд, то аз вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва эҷоди мушкилот барои худ дар Русия худдорӣ намоянд.
Ғайр аз ин, агар бемории дар рӯйхат ҷойдошта ошкор карда шавад, маълумот ба Роспотребнадзор фиристода мешавад. Айни замон, бақайдгирӣ дар ин барнома барои ноболиғон, шаҳрвандони Беларус бо иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомат ё кишварҳои бидуни раводид талаб карда намешавад.