Таъсиси махзани махсуси маълумот барои назорати қаллобон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГадание на картах Таро
Гадание на картах Таро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2026
Обуна шудан
Ин ташаббус барои ошкор, пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дигар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, равона шудааст
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ, фолбинӣ, сеҳру ҷоду ва дигар кирдорҳои мардумфиребӣ махзани махсуси маълумот таъсис додааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои ВКД, дар ин махзан ному насаби фолбинон, сеҳру ҷодугарон, нимчамуллоҳои дайду, фоҳишаҳо, мизоҷон ва наздикони онҳо, нашъамандон ва дигар шахсони ба чунин амалҳо алоқаманд ворид карда мешаванд.
Дар эълони вазорат гуфта мешавад, ки ин афрод зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар сурати дархости сохторҳои дахлдор маълумот дар бораи онҳо пешниҳод карда мешавад.
ВКД аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз чунин шахсон дурӣ ҷӯянд, то ба қайдҳои махсус ворид нашуда, ба гуфтаи вазорат, номи худро дар назди фарзандон доғдор накунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳама маълумот дар феҳрист бо мақомоти дахлдор мубодила карда мешавад.
ВКД аз шаҳрвандон даъват кард, ки барои пешгирӣ аз даст задан ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ба хидматҳои ин афрод муроҷиат накунанд.
Гадалка на фестивале индийской культуры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Раҳимзода: Мутаасифона мардум ба фолбину ҷодугар то ҳол бовар доранд
Ёдовар мешавем, ки ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар Тоҷикистон ҷиноятҳои ҷиноӣ ҳисобида мешаванд.
Ҳамаи афроде, ки бори аввал дастгир мешаванд, тибқи моддаи 482 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муддати то 15 рӯзро дар бар мегиранд.
Қонуншиканиҳои такрорӣ ё ҷиноятҳои вазнинтар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Ин модда ҷарима аз 112 500 то 150 000 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 1 то 2 солро пешбинӣ мекунад.
Қайд кардан зарур аст, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинҳо меоянд ва аз хидмати онҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 3700 сомонӣ 4500 сомонӣ ҷарима мешавад.
Мувофиқи ин тағйирот, шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинҳо ва ҷодугарон мераванд ва аз хидмати онҳо истифода мебаранд, акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0