Раҳимзода: Мутаасифона мардум ба фолбину ҷодугар то ҳол бовар доранд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкГадалка на фестивале индийской культуры.
Гадалка на фестивале индийской культуры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии кишвар эълон кард, ки дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон 604 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд.
Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
“Ин омор нишон медиҳад, ки то ҳол бархе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бовар доранд”, –таъкид намуд Рамазон Раҳимзода.
Вазир аз рӯзноманигорон ва дигар масъулини дахлдор хоҳиш кард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум дар ин самт тақвият бахшанд.
“Мубориза бо ҷодугарӣ ва фолбинӣ танҳо вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ нест, балки масъулияти муштараки ҷомеа мебошад”, афзуд Рамазон Раҳимзода.
Бояд қад кард, ки тибқи омори расмӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 495 ҳолати ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор гардида буд.
Ҳамин тавр дар шаш моҳи соли равон шумораи чунин ҳолатҳо 109 адад зиёд шудааст.
Гадание на картах Таро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Дар Тоҷикистон барои рафтан ба пеши фолбин ҷозо таъйин карданиянд
Ёловар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз 31 июли соли 2025 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 482 илова 1 (истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи ин модда нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасонии онҳо истифода мекунанд, акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0