https://sputnik.tj/20261022/qoida-nav-ikhroj-muhojiron-rusiya-1081426444.html
Сангинтар шуд: Қоидаҳои нави ихроҷ барои муҳоҷирон дар Русия
Сангинтар шуд: Қоидаҳои нави ихроҷ барои муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи тағйироти қабулшуда, меҳмонон аз Русия на фақат барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ карда мешаванд
2026-10-22T15:57+0500
2026-10-22T15:57+0500
2026-10-22T15:57+0500
муҳоҷират
дар тоҷикистон
русия
қонун
буду боши хориҷиён
муҳоҷири тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/16/1081424000_0:217:2933:1868_1920x0_80_0_0_a73218a81b7fbd2cf463683fa2e391fa.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия хотиррасон карда шуд, ки аз 3 ноябри соли 2026 сабабҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш хоҳад ёфт.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.Намояндагӣ таъкид карда, ки қонуни қабулшуда шумораи ҷиноятҳоеро, ки бо ихроҷ аз кишвар ҷазо дода мешаванд, аз 22 то 45 афзоиш медиҳад.Ғайр аз ин, чунин амалҳои ғайриқонунӣ на танҳо ба риоя накардани қонунҳои муҳоҷират, балки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолияти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ алоқаманданд.Ба таври мушаххас, чунин чораҳо акнун барои чунин амалҳо татбиқ карда мешаванд::Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ ва кор мекунанд, тавсия медиҳад, ки қонунҳои кишварро қатъиян риоя кунанд.Қаблан, президенти Русия Владимир Путин лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷ аз кишварро пешбинӣ мекунад, аз 22 то 45 зиёд мекунад.Дар ҳоле, ки дар аввал дар ин ҳуҷҷат васеъ кардани шумораи моддаҳо то 43 пешниҳод шуда буд, Думаи давлатӣ тағйиротро бо хониши дуюм тасдиқ кард ва ду муқаррароти дигарро илова намуд.
https://sputnik.tj/20261013/hushdori-maqomot-muhojiron-kor-kumaki-moliyavi-khuddori-1081149180.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/16/1081424000_96:0:2825:2047_1920x0_80_0_0_ab7de3bdba5bfc9aebf14f2c8e7be93b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар тоҷикистон, русия, қонун, буду боши хориҷиён, муҳоҷири тоҷик
муҳоҷират, дар тоҷикистон, русия, қонун, буду боши хориҷиён, муҳоҷири тоҷик
Сангинтар шуд: Қоидаҳои нави ихроҷ барои муҳоҷирон дар Русия
Тибқи тағйироти қабулшуда, меҳмонон аз Русия на фақат барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия хотиррасон карда шуд, ки аз 3 ноябри соли 2026 сабабҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Намояндагӣ таъкид карда, ки қонуни қабулшуда шумораи ҷиноятҳоеро, ки бо ихроҷ аз кишвар ҷазо дода мешаванд, аз 22 то 45 афзоиш медиҳад.
Ғайр аз ин, чунин амалҳои ғайриқонунӣ на танҳо ба риоя накардани қонунҳои муҳоҷират, балки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолияти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ алоқаманданд.
Ба таври мушаххас, чунин чораҳо акнун барои чунин амалҳо татбиқ карда мешаванд::
Майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ;
Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
Вайрон кардани қоидаҳои баргузории ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ;
Паҳн ё намоиш додани рамзҳо ва маводи экстремистӣ ё мамнуъ;
Барангехтани адоват ва бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа;
Бадномсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия тибқи муқаррароти қонунгузории ин кишвар;
Даъватҳои оммавӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ё вайрон кардани тамомияти арзии Россия;
Эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дигар амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ ва кор мекунанд, тавсия медиҳад, ки қонунҳои кишварро қатъиян риоя кунанд.
Қаблан, президенти Русия Владимир Путин лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷ аз кишварро пешбинӣ мекунад, аз 22 то 45 зиёд мекунад.
Дар ҳоле, ки дар аввал дар ин ҳуҷҷат васеъ кардани шумораи моддаҳо то 43 пешниҳод шуда буд, Думаи давлатӣ тағйиротро бо хониши дуюм тасдиқ кард ва ду муқаррароти дигарро илова намуд.