https://sputnik.tj/20261013/hushdori-maqomot-muhojiron-kor-kumaki-moliyavi-khuddori-1081149180.html
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Аз пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ худдорӣ кунед
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Аз пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ худдорӣ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, ки ахиран бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба доми шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо афтодаанд
2026-10-13T09:36+0500
2026-10-13T09:36+0500
2026-10-13T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
шабакаҳои иҷтимоӣ
экстремизм
терроризм
русия
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081149391_0:367:2496:1771_1920x0_80_0_0_df8e062bd8349b4607cdbbd7c1d37f29.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, террористӣ, экстремистӣ, инчунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез худдорӣ намоянд ва наздиконатонро аз чунин гуруҳҳо эмин нигоҳ доранд.Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар солҳои охир ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо, вохӯриҳои пинҳонӣ ва пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ ба дом гирифта шуда, қурбони гуруҳҳои мазкур гардидаанд.Намояндагӣ ба тамоми шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия қарор доранд, ҳушдор додааст, ки аз ҳама гуна тамос ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, инчунин бо шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез қатъан худдорӣ намоянд.Инчунин қайд кардааст, ки ба пешниҳодҳои шубҳаноки кор, кӯмаки молиявӣ, даъват ба вохӯриҳои пинҳонӣ ва гурӯҳҳои баста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед ва ба онҳо ҷавоб надиҳанд.Аз муҳоҷирон хоҳиш карда шудааст, ки дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор шудан ё мушоҳидаи ҳолатҳои шубҳанок, фавран ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар муроҷиат намоянд.Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва Русия ҷинояти вазнин ҳисобида шуда, барои он ҷазои сахти ҷиноятӣ, аз ҷумла аз озодӣ маҳрум кардан, пешбинӣ гардидааст.Намояндагӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳушёр ва огоҳ бошанд, худ ва наздикони худро аз хатарҳои зикршуда ҳифз намоянд ва танҳо ба иттилои расмӣ такя намуда, хабару гузориш оид ба тағийротҳои қонунгузорию ҳодисаву воқеаҳоро дар дохили кишвари иқомат аз манбаъҳои расмӣ мутолиа намоянд.
https://sputnik.tj/20260903/korshinos-qoidahoi-nav-muhojirat-maskav-1080146157.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081149391_136:137:2482:1897_1920x0_80_0_0_49d971cc7842e1b14b43dd57b3300cfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, шабакаҳои иҷтимоӣ, экстремизм, терроризм, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, шабакаҳои иҷтимоӣ, экстремизм, терроризм, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Аз пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ худдорӣ кунед
Мақомот мегӯяд, ки ахиран бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба доми шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо афтодаанд
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, террористӣ, экстремистӣ, инчунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез худдорӣ намоянд ва наздиконатонро аз чунин гуруҳҳо эмин нигоҳ доранд.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар солҳои охир ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо, вохӯриҳои пинҳонӣ ва пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ ба дом гирифта шуда, қурбони гуруҳҳои мазкур гардидаанд.
“Ҳадафи асосии чунин гурӯҳҳо истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла ҷалб ба ҷиноятҳои гуногун, паҳнкунии идеологияи ифротгароӣ ва амалҳои террористию экстремистӣ мебошад”, - қайд кардааст Намояндагӣ дар саҳифаи расмии худ.
Намояндагӣ ба тамоми шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия қарор доранд, ҳушдор додааст, ки аз ҳама гуна тамос ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, инчунин бо шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез қатъан худдорӣ намоянд.
Инчунин қайд кардааст, ки ба пешниҳодҳои шубҳаноки кор, кӯмаки молиявӣ, даъват ба вохӯриҳои пинҳонӣ ва гурӯҳҳои баста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед ва ба онҳо ҷавоб надиҳанд.
Аз муҳоҷирон хоҳиш карда шудааст, ки дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор шудан ё мушоҳидаи ҳолатҳои шубҳанок, фавран ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва Русия ҷинояти вазнин ҳисобида шуда, барои он ҷазои сахти ҷиноятӣ, аз ҷумла аз озодӣ маҳрум кардан, пешбинӣ гардидааст.
Намояндагӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳушёр ва огоҳ бошанд, худ ва наздикони худро аз хатарҳои зикршуда ҳифз намоянд ва танҳо ба иттилои расмӣ такя намуда, хабару гузориш оид ба тағийротҳои қонунгузорию ҳодисаву воқеаҳоро дар дохили кишвари иқомат аз манбаъҳои расмӣ мутолиа намоянд.