https://sputnik.tj/20261020/tojikiston-gardish-mol-kishvarho-shsh-afzoish-1081360218.html
Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви СҲШ афзоиш додааст
Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви СҲШ афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ аз принсипи татбиқи созишномаҳои бадастомада ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон бармеояд
2026-10-20T15:02+0500
2026-10-20T15:02+0500
2026-10-20T15:02+0500
дар тоҷикистон
сҳш
қоҳир расулзода
ҳамкорӣ
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_0:283:3065:2007_1920x0_80_0_0_c9b5e01d98f78607c5c8ce9a789429b4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Давоми ҳашт моҳи аввали соли 2026, гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба 6,3 млрд доллар расид.Дар ин бора, сарвазир Қоҳир Расулзода хабар дод, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Ӯ қайд кард, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 - 32% афзоиш ёфтааст ва ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷӣ байни кишварҳои узви ин созмон беш аз 70%-ро ташкил медиҳад.Аммо, ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, ҳаҷми сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон аз ҷониби СҲШ каме бештар аз 350 млн долларро ташкил медиҳад.Сарвазир афзуд, ки ин рақамҳо инчунин зарурати тақвияти талошҳои муштаракро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоти сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори саноатӣ нишон медиҳанд.Ғайр аз ин, раиси ҳукумат қайд кард, ки чораҳои андешидашуда дар Тоҷикистон барои таъмини суботи макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба саноатикунонӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба кишвар имкон доданд, ки суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодиро дар сатҳи 8% нигоҳ дорад.Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки кишвар омода аст ба шарикони худ дар СҲШ имкониятҳои васеъ барои лоиҳаҳои мутақобилан судманд фароҳам оварад.Ӯ инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамкории иқтисодиро дар дохили созмон ҳамчун ҷузъи муҳими стратегияи рушди миллии худ медонад ва як қатор чорабиниҳоеро, ки барои татбиқи қарорҳо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона баргузор шудаанд, ёдовар шуд.Ӯ инчунин қайд кард, ки ба наздикӣ як қатор ҳуҷҷатҳо барои мусоидат ба татбиқи қарорҳои қаблан қабулшуда дар доираи СҲШ омода карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20261020/muloqot-rahmon-saroni-hukumatho-shsh-1081354549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_334:0:3065:2048_1920x0_80_0_0_0a631e54b9fcb300263622f03a6a74e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сҳш, қоҳир расулзода, ҳамкорӣ, сарвазир
дар тоҷикистон, сҳш, қоҳир расулзода, ҳамкорӣ, сарвазир
Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви СҲШ афзоиш додааст
Тоҷикистон аз рӯи принсипи татбиқи созишномаҳои бадастомада ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон кор мебарад
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Давоми ҳашт моҳи аввали соли 2026, гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба 6,3 млрд доллар расид.
Дар ин бора, сарвазир Қоҳир Расулзода хабар дод, гузориш медиҳад хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ қайд кард, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 - 32% афзоиш ёфтааст ва ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷӣ байни кишварҳои узви ин созмон беш аз 70%-ро ташкил медиҳад.
Аммо, ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, ҳаҷми сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон аз ҷониби СҲШ каме бештар аз 350 млн долларро ташкил медиҳад.
"Ин рақамҳо имкониятҳои бузурги истифоданашудаи ҳамкории моро нишон медиҳанд, ки аз динамикаи муносибатҳои тиҷоратӣ ба таври назаррас пасттар аст", - гуфт ӯ.
Сарвазир афзуд, ки ин рақамҳо инчунин зарурати тақвияти талошҳои муштаракро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоти сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори саноатӣ нишон медиҳанд.
Ғайр аз ин, раиси ҳукумат қайд кард, ки чораҳои андешидашуда дар Тоҷикистон барои таъмини суботи макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба саноатикунонӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба кишвар имкон доданд, ки суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодиро дар сатҳи 8% нигоҳ дорад.
Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки кишвар омода аст ба шарикони худ дар СҲШ имкониятҳои васеъ барои лоиҳаҳои мутақобилан судманд фароҳам оварад.
Ӯ инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамкории иқтисодиро дар дохили созмон ҳамчун ҷузъи муҳими стратегияи рушди миллии худ медонад ва як қатор чорабиниҳоеро, ки барои татбиқи қарорҳо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона баргузор шудаанд, ёдовар шуд.
Ӯ инчунин қайд кард, ки ба наздикӣ як қатор ҳуҷҷатҳо барои мусоидат ба татбиқи қарорҳои қаблан қабулшуда дар доираи СҲШ омода карда шудаанд.